Семинари ФАО оид ба беҳбуди низоми назорати заҳрхимикатҳо

Рӯзи 18 феврал дар пойтахти ҷумҳурӣ машварати миллӣ оиди  беҳтаркунии низоми назорати заҳрхимикатҳо бо дастгирии Ташкилоти озуқа ва кишоварзӣ (ФAO) баргузор мегардад.   Тавре аз намояндагии ФАО дар ҶТ иттилоъ доданд, семинари мазкур бо мақсади баррасии натиҷаҳои омӯзиши ҳолати бақайдгирӣ ва назорати сифати заҳрхимикатҳо дар ҷумҳурӣ ва муҳокимаи имконияти ҳалли масъала баргузор мегардад.  Интизор меравад, […]

Иттилоияи расмӣ



Рӯзи 18 феврал дар пойтахти ҷумҳурӣ машварати миллӣ оиди  беҳтаркунии низоми назорати заҳрхимикатҳо бо дастгирии Ташкилоти озуқа ва кишоварзӣ (ФAO) баргузор мегардад.

 

Тавре аз намояндагии ФАО дар ҶТ иттилоъ доданд, семинари мазкур бо мақсади баррасии натиҷаҳои омӯзиши ҳолати бақайдгирӣ ва назорати сифати заҳрхимикатҳо дар ҷумҳурӣ ва муҳокимаи имконияти ҳалли масъала баргузор мегардад. 

Интизор меравад, ки дар ҷамъомади беш аз 20 мутахассисони идораҳои дахлдори давлатӣ ва ҳамчунин ташкилотҳои байналхалқӣ, ки шарикони ФAO дар Тоҷикистон мебшанд, иштирок хоҳанд  кард.

Ҳафиз Мӯминҷонов, мутахассиси  ФAO дар соҳаи растанипарварӣ қайд намуд, ки дар чорчӯбаи лоиҳаҳо ва барномаҳои ҳамкорӣ, ташкилот ба мамлакатҳои минтақа дар ҳалли масъалаи идораи заҳрхимикатҳо кӯмаки амалӣ мерасонад. Яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ  ин ҷорӣ намудани усулҳои самараноки ҳимояи растанӣ ба шумор мераванд, ки он меъёри истеътифодаи маводи кимиёвиро кам намуда, ба солимгардии муҳити зист шароит фароҳам меорад.

Дар семинар масъалаҳои танзими гардиши заҳрхимикатҳо, аз он ҷумла, тартиби бақайдгирии онҳо, такмили қонунгузории соҳавӣ, ҳамчунин  омодасозӣ  ва нашри Феҳрасти заҳрхимикатҳо, ки истифодабарии онҳо дар мамлакат иҷозат дода шудааст, муҳокима  мешаванд.

“Дар айни замон, барои мубориза бо касаливу зараррасони кишоварзӣ воситаҳои гуногуни кимиёвӣ истифода бурда мешавад, ки бархе аз онҳо барои саломатии инсон, ҳайвонот ва муҳити зист хатари мутлақ дорад. Бинобар ин, Ҳукумати Тоҷикистон ба ФAO барои кӯмаки техникӣ баҳри мукаммалсозии низоми бақайдгирӣ ва назорати сифати заҳрхимикатҳо, муроҷиат намуд,” –Виорел Гутсу, Намояндаи ФAO  дар Тоҷикистон гуфт.

Чорабинии мазкур дар чорчӯбаи лоиҳаи ФAO “Дастгирии техникӣ барои ҷорӣ намудани усулҳои самараноки зироатҳои афзалиятнок ва дарахтони мевадор аз касаливу зарраррасонҳо”, дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон, гузаронида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.