Идомаи коҳиши ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон



Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон 303,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи январи соли гузашта ба андозаи 11,9% ё худ 40,9 млн. доллари ИМА камтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар моҳи январи соли ҷорӣ манфӣ буда, 175,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми содироти мол давоми моҳи январи соли равон 31,7% (29,7 млн. $) коҳиш ёфта, 64,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Ҳаҷми воридоти мол дар ин давра 4,5% (11,2 млн. $) коҳиш ёфта, ба 239,8 млн. доллари ИМА баробар шудааст.

Моҳи январи соли равон Тоҷикистон бо 77 кишвари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Чин (96 млн. $) ва Русия (беш аз 72 млн. $) дониста шудаанд.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 18% кам шуда, ҳамагӣ каме бештар аз 4,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод. Як сол пеш ин нишондиҳанда ба 5,3 млрд. доллари ИМА баробар буд.

spot_imgspot_img

Популярное