Идомаи коҳиши ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон 303,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи январи соли гузашта ба андозаи 11,9% ё худ 40,9 млн. доллари ИМА камтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар моҳи январи соли ҷорӣ манфӣ буда, 175,8 млн. доллари ИМА-ро […]

Пайрав Чоршанбиев



Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон 303,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи январи соли гузашта ба андозаи 11,9% ё худ 40,9 млн. доллари ИМА камтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар моҳи январи соли ҷорӣ манфӣ буда, 175,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми содироти мол давоми моҳи январи соли равон 31,7% (29,7 млн. $) коҳиш ёфта, 64,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Ҳаҷми воридоти мол дар ин давра 4,5% (11,2 млн. $) коҳиш ёфта, ба 239,8 млн. доллари ИМА баробар шудааст.

Моҳи январи соли равон Тоҷикистон бо 77 кишвари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Чин (96 млн. $) ва Русия (беш аз 72 млн. $) дониста шудаанд.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 18% кам шуда, ҳамагӣ каме бештар аз 4,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод. Як сол пеш ин нишондиҳанда ба 5,3 млрд. доллари ИМА баробар буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.