Мурофиаи табибони наваскари бемори вазнинро ба хизмат коршоям шумурда

Парванда нисбати Абдукарим Толибов, раиси комиссияи тиббии даъвати комисариати ҳарбии ноҳияи Сино ва Матлуба Самадова, табиби ин комиссия, ки барои ба хизмати ҳарбӣ коршоям шумурдани наваскари гурдаҳояш дардманд Эмомиддин Холов айбдор карда мешаванд, ба суд фиристода шудааст. Э.Холовро моҳи апрели соли 2015 тариқи маҷбурӣ (облава) дар пойтахт боздошта, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда буданд. Адвокати […]

ASIA-Plus



Парванда нисбати Абдукарим Толибов, раиси комиссияи тиббии даъвати комисариати ҳарбии ноҳияи Сино ва Матлуба Самадова, табиби ин комиссия, ки барои ба хизмати ҳарбӣ коршоям шумурдани наваскари гурдаҳояш дардманд Эмомиддин Холов айбдор карда мешаванд, ба суд фиристода шудааст. Э.Холовро моҳи апрели соли 2015 тариқи маҷбурӣ (облава) дар пойтахт боздошта, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда буданд.

Адвокати ҷабрдида Дилбар Самадова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки парванда бо айбдорӣ мутобиқи моддаи «Хунукназарӣ»-ро суди гарнизони ҳарбии Душанбе баррасӣ мекунад.

Ба гуфтаи адвокат, ҳамчунин нисбати боз ду корманди дигари комиссариати ҳарбӣ мутобиқи моддаи «Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ» низ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. «Пас аз анҷоми мурофиа мо ният дорем, ки оид ба ҷуброни зиёни маънавӣ даъво пешниҳод кунем, зеро зеро нисбати зерҳимояи ман дар як ҳафта се маротиба амалиёти гемодиализ сурат гирифта, маблағи як чунин амалиёт 450 сомониро ташкил медиҳад», – афзуд номбурда.

Қаблан 

«Азия-Плюс» хабар дода буд

, ки Эмомиддин Холови 21-сола моҳи феврали соли 2015 аз водии Рашт ба Душанбе омадаааст. Моҳи декабри соли гузашта ӯ дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор дошта буд, ки худро бад ҳис карда, ба Душанбе барои муоина омадааст. Барои рӯзгузаронӣ ва табобат Холов дар бозор ба равғанфурӯшӣ машғул будааст ва моҳи апрел ба «облава» афтидааст: ӯро аз кӯча боздошта, ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино бурдаанд.

Эмоиддин Холовро бо гурдаҳои бемор ба хизмат коршоям дониста, ба қисми ҳарбӣ дар шаҳри Хоруғ мефиристанд. Баъди ду ҳафта ӯро ӯро дар қисми тиббӣ хобонида, сипас ба госпитали ҳарбии маҳаллаи Калинин ва баъдан ба беморхонаи Қарияи Боло мефиристанд. Ахиран моҳи сентябр ба бемористони шаҳраки тиббии пойтахт бурда, барояш билети ҳарбиро бо муҳри корношоям будан ба хизмат ба дасташ медиҳанд.

Имрӯз Эмомиддинро танҳо ивази гурда наҷот дода метавонад. Ӯ ба хубӣ мефаҳмад, ки ҳар рӯзе барояш охирин буда метавонад. Бародари 17-солаи хурдии Эмомиддин ба донор шудан омода аст ва тибқи нишондодҳои тиббӣ гӯё ҳамааш мувофиқ аст. Аммо ҳамааш ба маблағ вобаста аст, ки 10 ҳазор доллари ИМА буда, барои оилаи оддии деҳот маблағи хеле бузург аст. Барои ҷарроҳиро бепул гузаронидан ҳеҷ шароиту имконе мавҷуд нест.


Касоне, ки дар ин кори хайр ба Эмомиддин Холов дасти ёрӣ дароз карданианд, метавонанд бо телефонҳои зерин занг зананд: (+992) 93 873 12 18,  987 12 24 38.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.