Зимни мулоқот бо сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷчатуллоҳи Фағонӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз сафир дархост намуд, ки барои дар сатҳи нави ҳамкорӣ ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаи судманди бонкҳои ҳарду кишвар нақшгузор бошад.
Бино ба иттилои
хадамоти матбуоти БМТ
, Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ омодагии кишвари худ, ҳамчунин сармоядорони онро дар ҷодаи тавсеаи ҳамкориҳо дар иқтисодиёт, аз ҷумла дар низоми бонкии Тоҷикистон иброз намуд.
Сафир таъкид дошт, ки баъди аз байн бардошта шудани таҳримҳои чандинсолаи иқтисодӣ имкониятҳои кишвараш барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни дуҷониба бештар гашта, аз ҷумла, бонкҳои иронӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, бо дастгирии БМТ дар ноҳия ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ боз кардани филиалу намояндагиҳо худро ба нақша гирифтаанд ва ба ин васила дар рушди низоми бонкӣ саҳм гузоштанианд.
Қобили зикр аст, ки филиали бонки эронии «Тиҷорат» аз соли 1995 дар низомии бонкии Тоҷикистон фаъолият дорад.



