Эмомалӣ Раҳмон ба мавсими ниҳолшинонӣ ҳусни оғоз бахшид

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 17 феврал дар ҳашари ниҳолшинонӣ, ки дар атрофи Қасри Миллат баргузор гардид, иштирок намуда, ба мавсими нави ниҳолшинонӣ дар қаламрави кишвар ҳусни оғози расмӣ бахшид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷойи хушбоду ҳаво, ки бо қомат афрохтани […]

ASIA-Plus



Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 17 феврал дар ҳашари ниҳолшинонӣ, ки дар атрофи Қасри Миллат баргузор гардид, иштирок намуда, ба мавсими нави ниҳолшинонӣ дар қаламрави кишвар ҳусни оғози расмӣ бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷойи хушбоду ҳаво, ки бо қомат афрохтани навниҳолҳо ва ниҳолҳои солманду калонҷуссаи дарахтони паҳнбаргу сӯзанбарги сояафкану ороишӣ ба як мавзеи хеле зебою диданӣ ва дилнишин табдил ёфтааст, дарахтҳои дигари нодиру хушнамо шинонда шуд.

Бино ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, ниҳолпарварону боғпарварони кишвар ва ҳар як дӯстдори табиати зебо аз ҳар як рӯзи ҳавои мусоид  бояд пурсамар истифода бурда, дар бунёди боғу токзори наву барқарорсозии боғоти кӯҳна, кабудизорсозии муҳити зист ва ободу зебо намудани ҳар ваҷаби хоки сарзамини зархези Тоҷикистони азиз бояд саҳмгузор бошанд.

Хотиррасон бояд намуд, ки тибқи супоришу ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир якчанд барномаи давлатии рушди боғу токпарварӣ дар кишвар татбиқ гардида, дар доираи онҳо дар майдони қариб 100 ҳазор га боғу токзори нав бунёд ёфта, боғоти кӯҳна барқарор шуд.

Ҳоло дар мамлакат барномаи нави рушди  соҳаи боғутокпарварӣ барои солҳои 2016-2020 мавриди амал қарор дорад, ки тибқи он дар майдони беш аз 20 ҳазор га боғу токзори нав бунёд хоҳад ёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.