Баррасии масоили муқовимати Тоҷикистону СҲШ ба терроризми байнулмилалӣ

Зимни вохӯрии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Евгений Сисоев қайд гардид, ки Вазорати корҳои дохилии ҶТ омода аст, дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои амнияти минтақа ҳамкорӣ намуда, дар ин самт бо Вазоратҳои корҳои дохилии Қирғизистон, Вазорати бехатарии […]

ASIA-Plus



Зимни вохӯрии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Евгений Сисоев қайд гардид, ки Вазорати корҳои дохилии ҶТ омода аст, дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои амнияти минтақа ҳамкорӣ намуда, дар ин самт бо Вазоратҳои корҳои дохилии Қирғизистон, Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин ва дигар кишварҳои аъзои СҲШ як қатор созишномаҳои дахлдор ба имзо расонида шудааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ҳамчунин зикр гардидааст, ки масъалаҳои ҳамкории мақомоти дахлдор дар мубориза бо ҷинояткорӣ дар доираи ҷаласаҳои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзоёни СҲШ, Мушовараи якҷояи ВКД Федератсияи Россия ва Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Гуфта мешавад, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар доираи СҲШ, аз ҷумла масъалаҳои муқобилият бо терроризм, экстремизм ва сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, амнияти иттилоотӣ, мубодилаи хабару иттилоот ва ғайра  табодули назар карданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар навбати худ Евгений Сисоев ба Рамазон Раҳимзода барои қабули самимона миннатдорӣ намуда, изҳори умед кард, ки ҳамкориҳои дуҷониба минбаъд низ тақвият хоҳанд ёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.