Боздошти маняки ҳамлагар ба муҳоҷирон дар метрои Маскав

Пулиси Маскав ҷавонеро, ки ба қатли як муҳоҷири қирғиз ва захмӣ кардани ду муҳоҷири дигар, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон дар метрои пойтахти Русия гумонбар мешавад, дастгир кардааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ , пулиси Маскав рӯзи 17 феврал дар хиёбони Зелёний, дар пойтахти Русия марди 23-солаеро, ки ба силсилаи ҳамлаҳои хунин алайҳи муҳоҷирон аз […]

Радиои Озодӣ



Пулиси Маскав ҷавонеро, ки ба қатли як муҳоҷири қирғиз ва захмӣ кардани ду муҳоҷири дигар, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон дар метрои пойтахти Русия гумонбар мешавад, дастгир кардааст.

Бино ба иттилои

Радиои Озодӣ

, пулиси Маскав рӯзи 17 феврал дар хиёбони Зелёний, дар пойтахти Русия марди 23-солаеро, ки ба силсилаи ҳамлаҳои хунин алайҳи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ гумонбар дониста мешавад, дастгир кардааст. Матбуоти Русия ин ҳамлагарро, ки ба ҳамла алайҳи дастикам 3 муҳоҷир дар ду истгоҳи метрои Маскав айбдор мешавад, дар гузоришҳояш «шикорчии муҳоҷирон”  лақаб додааст.

Манобеи раёсати умури дохилаи шаҳри Маскав гуфтаанд, ки ин сокини маҳаллӣ ба куштор ва қасди куштор айбдор мешавад ва тафтишот то замони анҷоми тафтишот дар ҳабс нигоҳ доштани ӯро талаб мекунад. Исми ин боздоштшуда нашр нашудааст, вале гуфта мешавад, ки ӯ ғолибан дар заминаи адовати қавмӣ ба муҳоҷирон аз Қирғизистону Тоҷикистон ҳамла кардааст.

Кумитаи тафтишоти Русия гуфтааст, алайҳи ин ҷавони боздоштшуда дар ҳоли ҳозир танҳо бо иттиҳоми куштор ва қасди куштор парванда кушодаанд, вале тафтишот фарзияи дар заминаи адовати қавмӣ анҷом шудани ҳамлаҳои шаби 13 феврал дар ду истгоҳи метрои Маскавро низ таҳқиқ мекунад.

Шаби 13 феврал дар истгоҳи метрои «Добрынинская»  як марди ношинос аз пушт ба як зодаи Тоҷикистон ҳангоми берун шуданаш аз вагони метро ҳамла оварда, ӯро бо корд захмӣ кард ва аз ҷои ҳодиса гурехт. Шоҳидон мегӯянд, ин муҳоҷири тоҷик захмҳои сабук бардошта буд ва ба ӯ дар ҷои ҳодиса кӯмаки аввалияи тиббӣ расондаанд.

Аммо ҳамон шаб ҳамлагар дар истгоҳи метрои «Перово» бо корд ба ду шаҳрванди Қирғизистон ҳамла кардааст. Дар натиҷаи ин ҳамла як муҳоҷири қирғиз кушта шуда, муҳоҷири дувумро бо захмҳои сангин  ба бемористон интиқол додаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.