Пулиси Маскав ҷавонеро, ки ба қатли як муҳоҷири қирғиз ва захмӣ кардани ду муҳоҷири дигар, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон дар метрои пойтахти Русия гумонбар мешавад, дастгир кардааст.
Бино ба иттилои
Радиои Озодӣ
, пулиси Маскав рӯзи 17 феврал дар хиёбони Зелёний, дар пойтахти Русия марди 23-солаеро, ки ба силсилаи ҳамлаҳои хунин алайҳи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ гумонбар дониста мешавад, дастгир кардааст. Матбуоти Русия ин ҳамлагарро, ки ба ҳамла алайҳи дастикам 3 муҳоҷир дар ду истгоҳи метрои Маскав айбдор мешавад, дар гузоришҳояш «шикорчии муҳоҷирон” лақаб додааст.
Манобеи раёсати умури дохилаи шаҳри Маскав гуфтаанд, ки ин сокини маҳаллӣ ба куштор ва қасди куштор айбдор мешавад ва тафтишот то замони анҷоми тафтишот дар ҳабс нигоҳ доштани ӯро талаб мекунад. Исми ин боздоштшуда нашр нашудааст, вале гуфта мешавад, ки ӯ ғолибан дар заминаи адовати қавмӣ ба муҳоҷирон аз Қирғизистону Тоҷикистон ҳамла кардааст.
Кумитаи тафтишоти Русия гуфтааст, алайҳи ин ҷавони боздоштшуда дар ҳоли ҳозир танҳо бо иттиҳоми куштор ва қасди куштор парванда кушодаанд, вале тафтишот фарзияи дар заминаи адовати қавмӣ анҷом шудани ҳамлаҳои шаби 13 феврал дар ду истгоҳи метрои Маскавро низ таҳқиқ мекунад.
Шаби 13 феврал дар истгоҳи метрои «Добрынинская» як марди ношинос аз пушт ба як зодаи Тоҷикистон ҳангоми берун шуданаш аз вагони метро ҳамла оварда, ӯро бо корд захмӣ кард ва аз ҷои ҳодиса гурехт. Шоҳидон мегӯянд, ин муҳоҷири тоҷик захмҳои сабук бардошта буд ва ба ӯ дар ҷои ҳодиса кӯмаки аввалияи тиббӣ расондаанд.
Аммо ҳамон шаб ҳамлагар дар истгоҳи метрои «Перово» бо корд ба ду шаҳрванди Қирғизистон ҳамла кардааст. Дар натиҷаи ин ҳамла як муҳоҷири қирғиз кушта шуда, муҳоҷири дувумро бо захмҳои сангин ба бемористон интиқол додаанд.



