Боздошти сокини 50-солаи Суғд барои тамаъҷӯӣ аз маъшуқаи худ



Кормандони милиса як марди 50-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро ба гумони тамаъҷӯӣ дастгир карданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, номбурда, моҳи сентябри соли 2015 бо зани 37-солаи сокини ҳамин ноҳия муносибатҳои маҳрамона намуда, сипас бо таҳдиди он, ки ин муносибатҳоро тавассути интернет дар назди ҳама ошкор мекунад, бо роҳи тамаъҷӯӣ аз зани номбурда ду маротиба дар маҷмӯъ 1300 сомонӣ маблағи пулӣ гирифтааст.

Гуфта мешавад, нисбати далели мазкур парвандаи ҷинояти оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное