КМИР: Раҳматилло Зойиров «обро лой мекунад»



– Интишори изҳороти бепоя дар остонаи ҳар як маъракаи сиёсӣ, бахусус интихобот дар ҳама гуна сатҳҳо одати доимии раиси Ҳизби состисал демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров шудааст, ки дар ин зимн «обро лой мекунад», – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Абдуманнон Додозода.

Номбурда қайд кард, ки бо мақсади шарҳу тавзеҳи ҳуқуқҳои аҳзоби сиёсӣ, КМИР Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта ба ҳамаи 7 ҳизби сиёсии расман сабтиномшуда номаҳо ирсол намуда, дархост кард, ки намояндагони худро барои дохил кардан ба ҳайати 68 ҳавзаҳои таъсисёфта оид ба баргузории раъйпурсӣ пешниҳод намоянд.

Ғайр аз ин, ба қавли Додозода, ба аҳзоби сиёсӣ ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки то 17 май номзадҳои худро ба сифати нозирони миллӣ дар ҳамаи қитъаҳо оид ба раъйпурсӣ пешбарӣ кунанд.

«Пешниҳоди намояндагон ба ҳайати ҳавзаҳо ва қитъаҳои интихоботӣ кору ҳуқуқи худи ҳизбҳо аст, вале аҷиб аст, ки Р.Зойиров, ки доимо ҷонибдори шомил шудани намояндагони ҳамаи аҳзоб ба ҳайати ҳавзаҳо буд, имрӯз аз мавқеи пешинаи худ даст мекашад», – қайд кард Додозода.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз Ҳизби халқии демократӣ, Ҳиби коммунист, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ба пешниҳоди намояндагони худ барои шомил гардидан ба ҳайати ҳавзаҳо оид ба баргузории раъйпурсӣ оғоз кардаанд.

«Дар робита ба изҳороти Зойиров бобати ба демократикунонии ҷомеаи мусоидат накардани тағйирот ба Конститутсия, гуфтаниам, ки ба ин раъйи мардуми тоҷик дар санаи 22 май посух хоҳад дод», – афзуд Додозода.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 18 феврал ҲСДТ

доир ба худдорӣ кардан аз иштирок

дар маъракаи раъйпурсии умумихалӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи ҷумҳурӣ изҳорот интишор намуд.

spot_imgspot_img

Популярное