КМИР: Раҳматилло Зойиров «обро лой мекунад»

– Интишори изҳороти бепоя дар остонаи ҳар як маъракаи сиёсӣ, бахусус интихобот дар ҳама гуна сатҳҳо одати доимии раиси Ҳизби состисал демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров шудааст, ки дар ин зимн «обро лой мекунад», – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Абдуманнон Додозода. Номбурда қайд кард, ки бо […]

Аваз Юлдошев



– Интишори изҳороти бепоя дар остонаи ҳар як маъракаи сиёсӣ, бахусус интихобот дар ҳама гуна сатҳҳо одати доимии раиси Ҳизби состисал демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров шудааст, ки дар ин зимн «обро лой мекунад», – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Абдуманнон Додозода.

Номбурда қайд кард, ки бо мақсади шарҳу тавзеҳи ҳуқуқҳои аҳзоби сиёсӣ, КМИР Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта ба ҳамаи 7 ҳизби сиёсии расман сабтиномшуда номаҳо ирсол намуда, дархост кард, ки намояндагони худро барои дохил кардан ба ҳайати 68 ҳавзаҳои таъсисёфта оид ба баргузории раъйпурсӣ пешниҳод намоянд.

Ғайр аз ин, ба қавли Додозода, ба аҳзоби сиёсӣ ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки то 17 май номзадҳои худро ба сифати нозирони миллӣ дар ҳамаи қитъаҳо оид ба раъйпурсӣ пешбарӣ кунанд.

«Пешниҳоди намояндагон ба ҳайати ҳавзаҳо ва қитъаҳои интихоботӣ кору ҳуқуқи худи ҳизбҳо аст, вале аҷиб аст, ки Р.Зойиров, ки доимо ҷонибдори шомил шудани намояндагони ҳамаи аҳзоб ба ҳайати ҳавзаҳо буд, имрӯз аз мавқеи пешинаи худ даст мекашад», – қайд кард Додозода.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз Ҳизби халқии демократӣ, Ҳиби коммунист, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ба пешниҳоди намояндагони худ барои шомил гардидан ба ҳайати ҳавзаҳо оид ба баргузории раъйпурсӣ оғоз кардаанд.

«Дар робита ба изҳороти Зойиров бобати ба демократикунонии ҷомеаи мусоидат накардани тағйирот ба Конститутсия, гуфтаниам, ки ба ин раъйи мардуми тоҷик дар санаи 22 май посух хоҳад дод», – афзуд Додозода.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 18 феврал ҲСДТ

доир ба худдорӣ кардан аз иштирок

дар маъракаи раъйпурсии умумихалӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи ҷумҳурӣ изҳорот интишор намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.