Назарпурсӣ: Нигина Амонқулова овозхони маҳбубтарин

Ширкати Z-Analytics Group, ки дар заминаи гурӯҳи таҳилӣ-таҳқиқотии Маркази пажӯҳиши иҷтимоии «Зеркало» таъсис дода шудааст, миёни аҳолӣ оид ба муайян кардани овозхонҳои беҳтарину писандидатарини ҷумҳурӣ назарсанҷӣ доир намуд. Дар назарсанҷие, ки дар саросари кишвар аз 24 декабри соли 2015 то 14 январи соли 2016 гузаронида шудааст, дар маҷмӯъ аъзои 920 хонавода тариқи телефон дар ин […]

ASIA-Plus



Ширкати Z-Analytics Group, ки дар заминаи гурӯҳи таҳилӣ-таҳқиқотии Маркази пажӯҳиши иҷтимоии «Зеркало» таъсис дода шудааст, миёни аҳолӣ оид ба муайян кардани овозхонҳои беҳтарину писандидатарини ҷумҳурӣ назарсанҷӣ доир намуд.

Дар назарсанҷие, ки дар саросари кишвар аз 24 декабри соли 2015 то 14 январи соли 2016 гузаронида шудааст, дар маҷмӯъ аъзои 920 хонавода тариқи телефон дар ин хусус андешаҳои худро баён кардаанд.

Ҳамин тариқ, тибқи натиҷаҳои назарсанҷӣ овозхони маҳбубу писандидатарини ҷумҳурӣ Нигина Амонқулова дониста шуда, ба ҷонибдории ӯ 14%-и пурсидашудагон изҳори назар кардаанд.

Бо касби 6%-и раъйҳо Зиёвиддини Нурзод мақоми дуюм ва Садридиини Наҷмиддину Афзалшоҳи Шодӣ ва Нозияи Кароматулло ҳар кадоме бо гирифтани 3%-и раъйи аҳолӣ зинаи сеюмро ишғол кардаанд.

Дар ҷараёни назарсанҷӣ пурсидашудагон дар маҷмӯъ аз 167 нафар овозхонҳо ном бурдаанд. 15% аз шумори умумии пурсидашудагон изҳор доштаанд, ки овозхони дӯстдошта надоранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.