Ҳукумати Русия дар бораи ба буҷети Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ҷудо кардани 1,43 млн. доллари ИМА барои амалисозии лоиҳаи «Бақо (зинда мондан) ва рушди кӯдакони синнусоли барвақт дар Тоҷикистон» қарор қабул кард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия, ҳадафи аслии лоиҳа тавсеъаи дастрасии модарону тифлони навзод ба хизматгузориҳои заминавӣ дар соҳаи ҳифзи солимӣ дар 12 ноҳия мебошад.
Дар доираи лоиҳа амалисозии тадбирҳои баланд бардоштани имконоти муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон, таъмини муассисаҳои тиббии бештар ниёзманд бо таҷҳизоти махсус ва доруворӣ, барқарор кардани низомҳои обтаъминкунии таваллудхонаҳо ва роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар ин самт пешбинӣ шудааст.
«Маблағгузорӣ ва дастгирии техникиву машваратҳои коршиносон аз ҷониби Русия ба ин лоиҳа саҳми амалии кишвари мо ба коҳиши сатҳи маргу мири кӯдакон дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки то ҳол ба мушкилоти ҷиддӣ дар бахши рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва соҳаи тандурустӣ дучор аст», – қайд мекунад Вазорати корҳои хориҷии Русия.





