Боздошти боз як қочоқбари афғон дар Шуғнон

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН-и назди президенти Тоҷикистон Раёсати Агентӣ дар ВМКБ дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии “Хоруғ”-и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар наздикии деҳаи Ёмчи ноҳияи Шуғнон ҳангоми кӯшиши убури марҳади давлатӣ боз як нафар сокини деҳаи Шидвучи улусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистонро дастгир намуданд. Бино ба иттилои дафтариматбуоти […]

ASIA-Plus



Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН-и назди президенти Тоҷикистон Раёсати Агентӣ дар ВМКБ дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии “Хоруғ”-и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар наздикии деҳаи Ёмчи ноҳияи Шуғнон ҳангоми кӯшиши убури марҳади давлатӣ боз як нафар сокини деҳаи Шидвучи улусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистонро дастгир намуданд.

Бино ба иттилои дафтариматбуоти АНМН, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда як адад селофани полиэтилении дорои 1,1 кило маводи нашъаовари ҳашиш  дарёфт ва мусодира гардидааст.

Гуфта мешавад, инчунин ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса аз соҳили дарёи Панҷ як адад камераи автомашинаи боркаши калон бо чор адад бочкаҳои пластмасии рангашон зарди 20-литра ва як адад белчаи чӯбин дарёфт гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки аз тарафи кормандони Шуъбаи Агентӣ дар ноҳияи Мурғоб дар ҷамоати Рангкӯл як адад силоҳи оташфишон мусодира гардидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.