Ҳудуди 1,5 млн. $-и Русия баҳри беҳбуди вазъи тифлони навзоди тоҷик

Ҳукумати Русия дар бораи ба буҷети Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ҷудо кардани 1,43 млн. доллари ИМА барои амалисозии лоиҳаи «Бақо (зинда мондан) ва рушди кӯдакони синнусоли барвақт дар Тоҷикистон» қарор қабул кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия, ҳадафи аслии лоиҳа тавсеъаи дастрасии модарону тифлони навзод ба хизматгузориҳои заминавӣ дар соҳаи ҳифзи […]

ASIA-Plus



Ҳукумати Русия дар бораи ба буҷети Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ҷудо кардани 1,43 млн. доллари ИМА барои амалисозии лоиҳаи «Бақо (зинда мондан) ва рушди кӯдакони синнусоли барвақт дар Тоҷикистон» қарор қабул кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия, ҳадафи аслии лоиҳа тавсеъаи дастрасии модарону тифлони навзод ба хизматгузориҳои заминавӣ дар соҳаи ҳифзи солимӣ дар 12 ноҳия мебошад.

Дар доираи лоиҳа амалисозии тадбирҳои баланд бардоштани имконоти муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон, таъмини муассисаҳои тиббии бештар ниёзманд бо таҷҳизоти махсус ва доруворӣ, барқарор кардани низомҳои обтаъминкунии таваллудхонаҳо ва роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар ин самт пешбинӣ шудааст.

«Маблағгузорӣ ва дастгирии  техникиву машваратҳои коршиносон аз ҷониби Русия ба ин лоиҳа саҳми амалии кишвари мо ба коҳиши сатҳи маргу мири кӯдакон дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки то ҳол ба мушкилоти ҷиддӣ дар бахши рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва соҳаи тандурустӣ дучор аст», – қайд мекунад Вазорати корҳои хориҷии Русия.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.