Интернети боэътимод ва дастраси Бонки ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон

Ҳукуматҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Қирғизистон дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ лоиҳаи Digital CASA-ро таҳия мекунанд. Тавре Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар ин робита иттилоъ медиҳад, лоиҳаи мавриди таҳия ба амалисозии роҳандозии муносибати минтақавии фаромарзӣ баҳри беҳбуди васли хатти васеъу доманадор  ба интернет барои кишварҳои Осиёи Марказии маҳрум аз роҳи баромад […]

ASIA-Plus



Ҳукуматҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Қирғизистон дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ лоиҳаи Digital CASA-ро таҳия мекунанд.

Тавре Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар ин робита иттилоъ медиҳад, лоиҳаи мавриди таҳия ба амалисозии роҳандозии муносибати минтақавии фаромарзӣ баҳри беҳбуди васли хатти васеъу доманадор  ба интернет барои кишварҳои Осиёи Марказии маҳрум аз роҳи баромад ба баҳр ва баъзе қисматҳои Осиёи Ҷанубӣ нигаронида шудааст.

Қайд мешавад, ки амалисозии чунин тарзи муносибат ба воситаи ҷалби сармояи бахши хусусӣ ба рушди зербино ва ҳамчунин таҷдиди назари сиёсати дахлдор ва заминаи меъёрӣ дар назар аст, то ки аз имконоти телекоммуникатсия, энергетика ва зербинои нақлиётӣ истифода шавад.

Интизорӣ меравад, ки лоиҳаи Digital CASA имкон хоҳад дод, ки кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба як маркази бузурги рақамии транзитӣ табдил ёбанд.

«Дар сатҳи минтақавӣ лоиҳа ба васли кишварҳо ба зербинои минтақавӣ ва байнисайёравӣ равона шудааст, ки ба беҳбуди сатҳи ҳамкориҳои наздимарзӣ ва амал кардан ба сифати маркази транзитии пайвасти байнулмилалӣ миёни Аврупо ва Осиё имкон медиҳад», – таъкид мегардад дар маълумот.

Гуфта мешавад, дар сатҳи миллӣ лоиҳа ба роҳандозии хизматгузориҳои боэътимод ва дастраси интернет барои аҳолӣ, барқарор намудани алоқаи беҳтар байни тиҷорати хурду миёна ва соҳибкорони инфиродӣ бо иқтисоди сартосарии рақамӣ ва ҳамчунин рушди инноватсияҳо дар бахши хизматгузориҳои давлатӣ мусоидат мекунад.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон ҳукумати Қазоқистон низ имкони ба лоиҳаи Digital CASA пайвастанро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.