ДОМ ба қабули довталабон аз мактабҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ кард

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) маъракаи қабули бакалаврӣ барои  ҷалб намудани донишҷӯёни боистеъдод  аз мактабҳои шаҳру деҳот дар саросари Осиёи Марказӣ барои таҳсилро оғоз намуд.   ДОМ аввалин донишгоҳ бо таъминоти пурраи зист дар Осиёи Марказӣ аст, ки тавассути стипендияи наҷибона  ва қарзҳои имтиёзнок  ба донишҷӯён маълумоти сатҳи ҷаҳониро пешкаш менамояд. Компуси аввалини Донишгоҳ дар моҳи сентябри […]

Иттилоияи расмӣ



Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) маъракаи қабули бакалаврӣ барои  ҷалб намудани донишҷӯёни боистеъдод  аз мактабҳои шаҳру деҳот дар саросари Осиёи Марказӣ барои таҳсилро оғоз намуд.   ДОМ аввалин донишгоҳ бо таъминоти пурраи зист дар Осиёи Марказӣ аст, ки тавассути стипендияи наҷибона  ва қарзҳои имтиёзнок  ба донишҷӯён маълумоти сатҳи ҷаҳониро пешкаш менамояд.

Компуси аввалини Донишгоҳ дар моҳи сентябри соли 2016 дар шаҳри Норин, Ҷумҳурии Қирғизистон кушода хоҳад шуд. Донишҷӯён дар тӯли панҷ сол дар донишгоҳ таҳсил хоҳанд кард, ки он бо Барномаи омодагии яксола, барои тайёр намудани  онҳо дар сатҳи байналмилалии академикӣ,   кӯмак мерасонад. Баъдан, ба таҳсили дусолаи маълумоти умумӣ,  тавассути барномаи таълимии асосии дақиқ, ки аз тарафи барномаҳои гуманитарии  Амрикои Шимолӣ таҳия шудааст, фаро хоҳанд гирифт.

Дар ду соли охир  диққати асосӣ ба ихтисосҳои бакалаврӣ оид  Фани компютерӣ, Иттилоот ва  Ахбори Омма дода мешавад. Компуси дуюмӣ,тибқи нақша дар дар моҳи сентябри соли 2017 дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон кушода шуда,  барномаҳои Иқтисодиёт ва Фан дар бораи Замин ва муҳити атрофро пешниҳод мекунад.

Қабули мазкур барои донишҷӯёне, ки барои ихтисосҳои ҳам дар компусҳои Норин ва Хоруғ номнавис шудаанд  пешбинӣ шудааст.  Донишҷӯёне ки ҳадафи таҳсил дар шаҳри Хоруғ доранд, соли 2017 ба Хоруғ кӯчонда мешаванд.  Интизор меравад, ки компуси  Текели дар  Қазоқистон соли  2019 кушода шуда,  илмҳои Муҳандисӣ, ва Соҳибкорӣ ва Идоракуниро дар бар мегирад.   Нақшаи се кампус аз тарафи  меъмори Ҷопонӣ  Арата Исосаки, тарҳрезӣ шуда, дар муҳити зебоманзари табиӣ кӯҳӣ ҷойгиранд

 Таълими барномаи бакалаврии ДОМ бо забони англисӣ сурат гирифта, барномаҳои асосӣ ва дувуминдараҷаро, ки ба талаботи бозори меҳнатии Осиёи Миёна алоқаманданд,  пешниҳод мекунад. Он дорои хурдтарин таносуби байни донишҷӯён ва устодонро ( 9 бар 1) дар минтақа  буда, иншооти тамоман нави  замонавӣ дорост.  Қабул ба Донишгоҳ дар асоси дастовардҳо аст; новобаста  аз мушкилоти молиявӣ ҳар як донишҷӯ қабул карда мешавад.   ДОМ кӯмаки молиявӣ калонро ба монанди  стипендия дар заминаи қобилият, грантҳо барои эҳтиёҷмандон , ва  қарзҳои имтиёзнок бо шарту шароитҳои дастрасро ба  донишҷӯӣ пешниҳод мекунад.

“ Компусҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ , як ҷомеаи беназири илмииро ташкил медиҳанд. Донишҷӯёни мо бо таҷрибаҳои гуногуни ҷамъ меоянд. Устодони  баландихтисос бо унвонҳои дараҷаи  докторӣ аз донишгоҳҳои шинохта, ҳамчун  захираи зеҳнӣ бо  ҳамкорӣ ва дастгирии қавӣ бо донишгоҳҳои пешқадами дар саросари ҷаҳон,  ба ДОМ имконият медиҳанд, ки таҳсилоти олӣ дар сатҳи байналмилалӣ  қабулшударо фароҳам оварад. Компусҳо  таҷрибаи таълимӣ ва ҳаёти ҷомеаи солим, ки истеъдод ва неруи донишҷӯёнро боз хоҳад кард ва ба онҳо кӯмак мекунад, ки яке аз фаъолони  ҷомеаи худ бошанд”, гуфт: Дуктур Богдан Кравченко, Директори генералӣ ва декани тадқиқоти илмии баъдидипломии ДОМ.

Дастаи қабул дар моҳи феврал ва март дар саросари Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Қазоқистон  сафар хоҳад кард.  Аз донишҷӯён ва волидони пурсида мешавад, ки сесияҳои иттилоотӣ дар маҳалашон иштирок намоянд, ки дар он кормандони ДОМ, маълумоти муфассал пешниҳод намуда ба саволҳо ҷавоб мегӯянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.