Шукурҷон Зуҳуров бо шарҳу тавзеҳҳо ба Рашт сафар кард

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров субҳи имрӯз ба водии Рашт сафар карда, муддати чор рӯз бо сокинони гурӯҳи ноҳияҳои ин минтақа вохӯриҳо мегузаронад. «Ҳадафи асосии сафари Ш.Зуҳуров ба минтақа шарҳу тавзеҳи бандҳои Паёми президент ба парлумон ва лоиҳаи пешниҳодшудаи тағйиирот ба Конститутсияи Тоҷикистон аст», – иттилоъ дод ба «Азия-Плюс» дар ин робита котиби […]

Аваз Юлдошев



Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров субҳи имрӯз ба водии Рашт сафар карда, муддати чор рӯз бо сокинони гурӯҳи ноҳияҳои ин минтақа вохӯриҳо мегузаронад.

«Ҳадафи асосии сафари Ш.Зуҳуров ба минтақа шарҳу тавзеҳи бандҳои Паёми президент ба парлумон ва лоиҳаи пешниҳодшудаи тағйиирот ба Конститутсияи Тоҷикистон аст», – иттилоъ дод ба «Азия-Плюс» дар ин робита котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, зимни вохӯриҳои раиси палатаи поёнии парлумон бо сокинони водии Рашт баррасии масоили марбут ба вазъи рушди иҷтимоиву иқтисодии водии мазкур ва ҳалли мушкилоти ҳаёти рӯзмарраи мардум дар назар буда, Ш.Зуҳуров ба аҳолӣ ҳамчунин дар бораи фаъолияти парлумон маълумот медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.