Хуҷанд: Боздошти «савдогар»-и замин ба беш аз 250 ҳазор $

Кормандон мақомоти милитсияи минтақаи шимоли ҷуҳурӣ ба гумони даст доштан дар қаллобӣ ба маблағи ниҳоят зиёд сокини 38-солаи шаҳри Хуҷанд Муин Мансуровро боздошт намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшуда дар содир намудани 18 далели қаллобӣ гумонбар дониста мешавад, ки 12-то аз ин ҳодисаҳо ба муомилот бо фурӯши ғайриқонунии қитъаҳои замин алоқамандӣ доранд. […]

Аваз Юлдошев



Кормандон мақомоти милитсияи минтақаи шимоли ҷуҳурӣ ба гумони даст доштан дар қаллобӣ ба маблағи ниҳоят зиёд сокини 38-солаи шаҳри Хуҷанд Муин Мансуровро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшуда дар содир намудани 18 далели қаллобӣ гумонбар дониста мешавад, ки 12-то аз ин ҳодисаҳо ба муомилот бо фурӯши ғайриқонунии қитъаҳои замин алоқамандӣ доранд.

М.Мансуров аз сокинони бо ваъдаи кумак ба ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони нуқтаҳои фурӯш аз 40 то 50 ҳазор доллари ИМА ва ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз 3 то 12 ҳазор доллари ИМА маблағ гирифтааст.

Бо чунин тарзи қаллобӣ дар маҷмӯъ ӯ беш аз 250 ҳазор доллари ИМА-ро азхуд намуда, лекин дар ҳеҷ кадоме аз ҳолатҳо ба ваъдаи худ вафо накардааст.

Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.