Қатли соҳибкор дар маркази шаҳри Душанбе

Зимни як муноқиша, ки шаби гузашта дар маркази шаҳри Душанбе рух дод, соҳибкори тоҷик Зафар Азимов кушта шудааст. Ин маълумотро ба Радиои Озодӣ дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ тасдиқ намуда, изҳор доштаанд, ки ҳодиса таҳқиқ мешавад ва аллакай чанд гумонбар дар ин робита боздошт шудаанд. Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад, ки ин ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи […]

ASIA-Plus



Зимни як муноқиша, ки шаби гузашта дар маркази шаҳри Душанбе рух дод, соҳибкори тоҷик Зафар Азимов кушта шудааст.

Ин маълумотро ба

Радиои Озодӣ

дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ тасдиқ намуда, изҳор доштаанд, ки ҳодиса таҳқиқ мешавад ва аллакай чанд гумонбар дар ин робита боздошт шудаанд.

Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад, ки ин ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, воқеъ дар назди “Наврӯзгоҳ” ба вуқӯъ пайвастааст. Қайд мешавад, ки соҳибкори кушташуда Зафар Азтимов бештар ҳамчун «Зафар Бедняк» маъруф буд.

Бо истинод ба ВКД хабаргузорӣ менависад,  муноқиша шаби гузашта миёни афроди “Зафар Бедняк” ва пайвандони Эмом Мақсудов, маъруф бо “Эмом Хубак”, сурат гирифтааст.

Зикр мегардад, ки “Зафар Бедняк” соҳиби тиҷорати бузург дар Душанбе муаррифӣ шуда, ба гуфтаи шиносҳояш, ӯ дар шаҳри Душанбе чанд дӯкони тиҷоратӣ доштааст.

Гуфта мешавад, ҷасади Зафар Азимов субҳи имрӯз барои дафн ба зодгоҳаш ноҳияи Ҳамадонӣ интиқол дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» доир ба ин масъала иттилоъ доданд, ки ҷузъиёти ҳодиса нимаи дуюми имрӯз интишор хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.