Имкони мусоидати сохтмон ба рушди иқтисоди Тоҷикистон

Дар маълумоти моҳи январи Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) таҳти унвони «Гузориши иқтисоди Тоҷикистон» қайд мешавад, ки саноати истихроҷ ва сохтмон эҳтимол ба рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон мусоидат кунанд. Дар гузориш таъкид мешавад, ки соли гузашта сохтмон муҳаррики асосии рушди иқтисод шуда, нисбат ба соли гузашта нишондиҳандаҳо дар он 21,2% афзуданд. Зикр мегардад, […]

ASIA-Plus



Дар маълумоти моҳи январи Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) таҳти унвони «Гузориши иқтисоди Тоҷикистон» қайд мешавад, ки саноати истихроҷ ва сохтмон эҳтимол ба рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон мусоидат кунанд.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки соли гузашта сохтмон муҳаррики асосии рушди иқтисод шуда, нисбат ба соли гузашта нишондиҳандаҳо дар он 21,2% афзуданд.

Зикр мегардад, ки соли 2015 истеҳсолоти саноатӣ 11,2% афзуд, ки ба ин пеш аз ҳама бахши истихроҷ мусоидат намуд. «Аз ҷониби дигар, дар натиҷаи кам шудани даромади воқеъии хонаводаҳо, бахшҳои марбут ба истеъмол имсол метавонанд ба поинравии истеҳсолот дучор шаванд», – гуфта мешавад дар гузориш.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2015 ҳиссаи сохтмон дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар 11,8%-ро ташкил дода, нисбат ба нишондиҳандаи соли 2014 ба миқдори 1,8% зиёд шудааст.

Ҳиссаи саноат бо шумули электроэнергия дар сохтори ММД 12,8%-ро ташкил дода, дар муқоиса бо соли пешин 0,8% афзудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон имсол ният дорад, ки ба рушди иқтисодӣ дар сатҳи 7% ноил гардад, лекин коршиносони ниҳодҳои пешрафтаи байнулмилалӣ на он қадр бо чунин пешгӯӣҳо мувофиқанд.

Ҳамин тариқ, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли равонро Бонки ҷаҳонӣ дар сатҳи – 4,8%, Бонки аврупоии таҷдиду рушд – 4,5%, Бонки осиёгии рушд – 4,2% ва Хазинаи байнулмилалии асъор – ҳамагӣ 3,4% пешгӯӣ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.