Мулоқоти муовини нахуствазир бо ҳокими вилояти Қазоқистони Шарқӣ

Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим имрӯз бо ҳокими вилояти Қазоқистони Шарқии Ҷумҳурии Қазоқистон, собиқ нахуствазир ва собиқ вазири мудофиаи ин кишвар Даниал Аҳмедов, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овард, дидору гуфтушунид кард. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, зимни мулоқот масоили фаъол гардонидани кори Комиссияи байниҳукуматии […]

Аваз Юлдошев



Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим имрӯз бо ҳокими вилояти Қазоқистони Шарқии Ҷумҳурии Қазоқистон, собиқ нахуствазир ва собиқ вазири мудофиаи ин кишвар Даниал Аҳмедов, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овард, дидору гуфтушунид кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, зимни мулоқот масоили фаъол гардонидани кори Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуданд.

Дар ҷараёни мулоқот зикр гардидаст, ки дар ҷаласаи навбатии комиссияи зикршуда, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ баргузор мешавад, масъалаҳои густариши ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои нақлиёту коммуникатсия, савдо, энергетика ва илму техника матраҳ хоҳанд шуд.

Зимнан зикр гардид, ки ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили роҳандозии робитаҳои мустақим миёни вилоятҳои Тоҷикистон ва вилояти Қазоқистони Шарқӣ табодули назар намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.