Баҳсҳо дар ҳукумат оид ба лоиҳаи қонуни зидди тамоку

Лоиҳаи омодашудаи қонуни Тоҷикистон «Дар борари маҳдуд кардани истифодаи маснӯоти тамоку» мавриди баҳси сохторҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ қарор гирифт. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, лоиҳаи қонуни мазкур рӯзи чоршанбе зимни мизи гирд дар Палата баррасӣ шудааст, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар иштирок доштаанд. Дар гузориши […]

ASIA-Plus



Лоиҳаи омодашудаи қонуни Тоҷикистон «Дар борари маҳдуд кардани истифодаи маснӯоти тамоку» мавриди баҳси сохторҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ қарор гирифт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, лоиҳаи қонуни мазкур рӯзи чоршанбе зимни мизи гирд дар Палата баррасӣ шудааст, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар иштирок доштаанд.

Дар гузориши Вазорати тандурустӣ зарурати пешгирии истеъмоли тамоку, тарғиби тарзи ҳаёти солим тариқи суҳбатҳо бо хонандагони мактабҳо ва донишҷӯён таъкид шуда, намояндагони вазорат изҳор доштаанд, ки роҳандозии сиёсати пешгирии истеъмоли тамоку ба кам шудани сафи тамокукашон мусоидат мекунад.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони вазорату идораҳои бахши иқтисод зарурати омӯзиши дақиқи лоиҳаи қонунро зикр намуда, онро бо «вазъи начандон сабуки иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ» асоснок кардаанд. Онҳо хулосаҳои худ дар бораи оқибатҳои моливу иқтисодии сангинтар шудани қонуни зиддитамокуро пешниҳод карданианд.

Зикр гардидааст, ки тамокукащӣ аз як тараф ба буҷети давлат даромадҳои зиёд оварда, аз тарафи дигар, ба солимии аҳолӣ зарар мерасонад.

Аз рӯи натиҷаҳои кори мизи гирд як қатор тавсияҳо қабул шудаанд, ки дар онҳо талабот оид ба иҷрои қонуни соли 2010 қабулшуда дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маснӯоти тамоку дар қисмати маҳдудияти он дар муассисаҳои ҷамъиятӣ, ҷудо кардани ҷойҳои махсус барои тамокукашӣва ғайра дарҷ ёфтаанд.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи феврал


дар


 

ҷаласаи комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон

 масоили марбут ба зарари истемоли тамоку баррасӣ шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.