Азим Иброҳим: Корхонаҳои ангишт то ҳол бо усули косибӣ кор мекунанд

Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҳузури муовини сарвазир Азим Иброҳим бо иштироки роҳбарони корхонаҳои зерсохтори КВД «Ангишт» ва дигар масъулини соҳа рӯзи 18 феврал оид ба масъалаҳои лоиҳакашӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» ,таъкид шуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони ангишт буда, самаранок […]

АМИТ «Ховар»



Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҳузури муовини сарвазир Азим Иброҳим бо иштироки роҳбарони корхонаҳои зерсохтори КВД «Ангишт» ва дигар масъулини соҳа рӯзи 18 феврал оид ба масъалаҳои лоиҳакашӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои

АМИТ «Ховар»

,таъкид шуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони ангишт буда, самаранок истифода бурдани онҳо метавонад барои баланд бардоштани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат мусоидат намояд.

Дар солҳои охир тадбирҳои ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи афзун кардани ҳаҷми истеҳсоли ангишт нишондиҳандаҳоро бамаротиб афзун кард ва дар натиҷа ҳаҷми умумии истеҳсоли ангишт дар соли 2015 ба 1 млн. 042 ҳазор тонна баробар шуда, талаботи иқтидорҳои саноатии бо ангишт фаъолияткунанда асосан таъмин гардид. Аммо натиҷаҳои миёнамуҳлати бадастомада наметавонанд иқтидорҳои нави саноатиеро, ки ба истифода додани онҳоро ҳукумат дар соли 2016 ба нақша гирифтааст, кафолат диҳанд, зеро тибқи нақшаи кории ҳукумат, бо назардошти дар ҳолати ба фаъолият оғоз намудани иқтидорҳои нави саноатӣ, талабот ба ангишт дар соли равон на камтар аз 1,7 миллион тоннаро ташкил хоҳад дод.

Корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишти кишвар то ба ҳол асосан бо усули косибӣ бо тарзи кушод истихроҷи ангиштро ба роҳ мондаанд ва калонтарин корхонаи саноатии кишвар «Фон-Яғноб», ки 60% ҳаҷми умумии истихроҷи ангишти кишварро таъмин месозад, то имрўз лоиҳаи коркарди кони ангиштро надорад. Боиси таассуф аст, ки аксарияти корхонаҳои дар ин самт фаъолиятдошта низ бо чунин тартиб кори худро ба роҳ мондаанд.

Вобаста ба ин муовини сарвазир изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки бо чунин усул давом додани кор қобили қабул нест ва аз масъулини соҳа талаб кард, ки лоиҳакашӣ, барномарезӣ ва нақшаи рушди корҳои кўҳиро таҳия сохта, марҳила ба марҳила усули саноатии истихроҷи ангиштро дар конҳо роҳандозӣ намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.