Бонки миллӣ меъёри бозтамвилро 1% боло бурд

Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро ба андозаи 1,0 банди фоизӣ зиёд ва дар сатҳи 9,0 фоизи солона муқаррар кард. «Бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва зиёд гардидани фишорҳои қурбӣ ва таваррумӣ ба иқтисодиёти кишвар, мутобиқи моддаи 16-и Қонуни ҶТ «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» бо қарори Раёсати БМТ аз 18 феврали соли ҷорӣ […]

ASIA-Plus



Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро ба андозаи 1,0 банди фоизӣ зиёд ва дар сатҳи 9,0 фоизи солона муқаррар кард.

«Бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва зиёд гардидани фишорҳои қурбӣ ва таваррумӣ ба иқтисодиёти кишвар, мутобиқи моддаи 16-и Қонуни ҶТ «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» бо қарори Раёсати БМТ аз 18 феврали соли ҷорӣ меъёри бозтамвили БМТ ба андозаи 1,0 банди фоизӣ зиёд ва дар сатҳи 9,0 фоизи солона муқаррар карда шуд», – зикр мегардад дар маълумоти хадамоти матбуоти БМТ.

Гуфта мешавад, бо қарори дигари Раёсати БМТ аз 18 феврали соли равон меъёри фоизи қарзҳое, ки барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби БМТ пешниҳод мегарданд, дар сатҳи 18,0 фоизи солона муқаррар карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки қарорҳои мазкур аз санаи 1 марти соли равон дар амал татбиқ карда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.