Дар Театри опера ва балет «сӯхтор» хомӯш карда шуд



Дар бинои Театри опера ва балети ба номи Садриддин айнӣ рӯзи 18 феврал машқҳои бузургмиқёси омӯзишӣ-тактикии кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Тоҷикистон доир гардиданд.

Бино ба

иттилои

маркази матбуоти ВКД тоҷикистон, дар ин чорабинӣ ба ҷуз ҳайати шахсии ҷузъу томҳои СХДО ВКД мустақари шаҳри Душанбе, инчунин кормандони милитсия барои таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, хадамоти ёрии таъҷилии тиббӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода сафарбар гардиданд.

Гуфта мешавад, тибқи нақша кормандони ин ниҳод бо истифода аз қувва ва воситаҳои техникии сӯхторхомӯшкунӣ дар мӯҳлати кутоҳтарин бояд ҳодисаи сӯхтори шартии дар бинову иншоотҳои театрро иҳота ва хомӯш намуда, ҳаёти одамонро наҷот ва молу амволи биноро аз оташ ҳифз месохтанд.

Зимнан зикр мегардад, ки машқҳои омӯзишӣ-тактикии мазкур дар сатҳи баланд анҷом дода шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное