Муаррифии маҳсулоти «Группа ГАЗ» дар Душанбе

Дар маҷлисгоҳи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазири нақлиёт  Суҳроб Мирзоев бо намояндагони тиҷоратии Русия ва ширкати «Группа ГАЗ» доир гардид.   Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёт, дар рафти мулоқот маҳсулот – мошинолоти ширкати мазкурмуаррифӣ шуда, дигар масъалаҳои ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимнан зикр мегардад, ки намояндагони ширкати «Группа ГАЗ» ба […]



Дар маҷлисгоҳи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазири нақлиёт  Суҳроб Мирзоев бо намояндагони тиҷоратии Русия ва ширкати «Группа ГАЗ» доир гардид.

 

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёт, дар рафти мулоқот маҳсулот – мошинолоти ширкати мазкурмуаррифӣ шуда, дигар масъалаҳои ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимнан зикр мегардад, ки намояндагони ширкати «Группа ГАЗ» ба интиқоли маҳсулоти худ ба ҷумҳурӣ дар сурати зарурат омодагӣ изҳор намудаанд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли равон роҳбари КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Исломзода ба журналистон

иттилоъ дода буд

, ки ин корхона ва ширкати «Группа ГАЗ» ба мувофиқа расидаанд, ки соли равон бевосита корҳои таъсиси корхонаи муштарак оид ба насбу васли техникаи махсуси коммуналӣ дар Душанберо оғоз мекунанд.

Ӯ қайд карда буд, ки асноди дахлдор миёни ҷонибҳо дар ин хусус моҳи июни соли 2015 ба имзо расида, тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, арзиши лоиҳа тақрибан 6 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. «Оид ба ин масъала бо як бонки Русия, ки бо шартҳои қобили қабул восита пешниҳод карданист, гуфтушунид дорем», – иброз дошта буд номбурда.

Ширкати «Группа ГАЗ» автомобилҳои борбардори сабук ва миёна, автобусҳо, автомобилҳои боркаши вазнин, автомбилҳои сабукрав, агрегатҳои қудратии гуногун ва қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳоро истеҳсол намуда, дар 8 минтақаи Русия 13 корхонаро муттаҳид месозад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.