Раиси ҳаракати умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов зимни шарҳи фоҷеаи қатли духтари 4-сола аз ҷониби дояаш – шаҳрванди Ӯзбекистон Гулчеҳра Бобоқулова
дар мусоҳиба
ба радиои
«Говорит Москва»
изҳор намудааст, ки ҷонибдори ҷорикунии раводиди корӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ аст.
«Дар Маскав 99,9%-и муҳоҷират ғайриқонунӣ аст. Ҳама гуна одам ба хонаи шумо рафта, метавонад ба чунин амал даст занад», – иброз доштааст Шарипов.
«Ман ҳамеша ташаббускор ва ҷонибдори онам, ки ҷорӣ кардани раводиди корӣ барои ҳамаи мо хеле қобили қабул аст. Раводи корӣ: ман шахсро даъват мекунам, ӯ ба назди ман меояд ва ман нисбати ин шахс масъул ҳастам», – гуфтааст ӯ.
Ба модарони Русия Шарипов тавсия додааст, ки кӯдаконашонро бе доя тарбияву ба воя расонанд. «Дар Шарқ чунин нест. Занеро бигириву ба ӯ кӯдакро бовар намоӣ. Зан кӯдакро барои худ таваллуд мекунад ва бояд ӯро ба воя расонад. Замони шӯравӣ барои тарбияи кӯдак се сол рухсатӣ медоданд», – қайд кардааст номбурда.
«Ин зан муддати зиёд кор карда, қариб аъзои ин оила маҳсуб меёфт, вале акнун чӣ «тӯҳфае» кард. Хадамоти федералии муҳоҷират натанҳо дар робита ба ин ҳодиса, балки нисбати ҳамаи муҳоҷирони дигар, аз ҷумла шумораи онҳо, бо кадом мақсад ва назди кӣ омадану омода будани касе ба қабули онҳо низ бояд чора андешад», – гуфтааст Шарипов.
Гулчеҳра Бобоқуловаро пулиси Русия рӯзи 29 феврал бо сари буридаи кӯдак ва нидои “Аллоҳ Акбар!” дар назди истгоҳи метрои Маскав дастгир кард. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин зан, ки либоси сиёҳ дар тан ва рӯймоли исломӣ дар сар дошт, ба гуфтаи шоҳидон, “Аллоҳ Акбар!” гӯён нидо мекард ва каллаи кӯдаки кушташударо алвонҷ медод. Баъди чанд лаҳза пулис ин занро ба замин хобонда, дастгир кард.
Суди Пресненскии шаҳри Маскав дар бораи ба муддати ду моҳ, то 29 апрел ба ҳабс гирифтани Гулчеҳра Бобоқулова, ки рӯзи 29 феврал духтарчаи 4-соларо ба қатл расонид,
қарор қабул кард
.





