ВАО: Шаҳрванди Тоҷикистон ба Бобоқулова афкори ифротгароӣ талқин мекард

– Шаҳрванди Ӯзбекистон Гулчеҳра Бобоқулова, ки ба қатли бераҳмонаи кӯдак дар Маскав гунаҳкор дониста мешавад, бо шаҳрванди Тоҷикистон муносибат дошта, ин шахс ба ӯ афкори динии ифротгароиро талқин мекардааст, – иттилоъ медиҳад РИА Новости ба такя ба манбаъҳояш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. «Тибқи маълумоте, ки мо дар даст дорем, замони дар Русия қарор доштан Бобоқулова […]



– Шаҳрванди Ӯзбекистон Гулчеҳра Бобоқулова, ки ба қатли бераҳмонаи кӯдак дар Маскав гунаҳкор дониста мешавад, бо шаҳрванди Тоҷикистон муносибат дошта, ин шахс ба ӯ афкори динии ифротгароиро талқин мекардааст, –


иттилоъ медиҳад


РИА Новости ба такя ба манбаъҳояш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

«Тибқи маълумоте, ки мо дар даст дорем, замони дар Русия қарор доштан Бобоқулова бо шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзистӣ мекардааст, ки ин шахс ӯро ба афкори ифротгароии исломӣ водор месохтааст», – иброз доштааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳангоми сафари ахираш ба Ӯзбекистон моҳи январ барои ивази шиноснома Бобоқулова ба ҳамдеҳагонаш ҳиҷоби аз ҷониби ҳамзисташ туҳфашударо намоиш медодааст.

Намояндаи Кумитаи тафтишоти Русия зимни ҷаласаи суди Пресненскии шаҳри Маскав изҳор доштааст, ки доя аз Ӯзбекистон Гулчеҳра Бобоқулова баъди иғвоангезиву талқини чанд нафар кӯдакро бераҳмона куштаааст. «Айни замон ин нафарони талқинкунандаи ҷиноят дар озодӣ буда, мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд», – гуфтааст ӯ.

Гулчеҳра Бобоқуловаро пулиси Русия рӯзи 29 феврал бо сари буридаи кӯдак ва нидои “Аллоҳ Акбар!” дар назди истгоҳи метрои Маскав дастгир кард. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин зан, ки либоси сиёҳ дар тан ва рӯймоли исломӣ дар сар дошт, ба гуфтаи шоҳидон, “Аллоҳ Акбар!” гӯён нидо мекард ва каллаи кӯдаки кушташударо алвонҷ медод.  Баъди чанд лаҳза пулис ин занро ба замин хобонда, дастгир кард.

Суди Пресненскии шаҳри Маскав дар бораи ба муддати ду моҳ, то 29 апрел ба ҳабс гирифтани Гулчеҳра Бобоқулова, ки рӯзи 29 феврал духтарчаи 4-соларо ба қатл расонид, 

қарор қабул кард

.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.