Таҳияи замимаи «Қурби сомонӣ» барои Play Маркет

Мутахассиси IT-и тоҷик Фаррух Охунов замимаи «Курс сомони» (Қурби сомонӣ)-ро таҳия намуд, ки дар реҷаи он-лайн кор карда, таносуби пули миллӣ ба асъори хориҷиро инъикос мекунад. Замимаи мазкур таври ройгон дар Play Маркет аз 1 март дастрас аст. Фаррух Охунов мегӯяд, замима дар бораи қурби арзи миллӣ нисбат ба доллар, евро ва рубл, ки аз […]



Мутахассиси IT-и тоҷик Фаррух Охунов


замимаи


«Курс сомони» (Қурби сомонӣ)-ро таҳия намуд, ки дар реҷаи он-лайн кор карда, таносуби пули миллӣ ба асъори хориҷиро инъикос мекунад. Замимаи мазкур таври ройгон дар Play Маркет аз 1 март дастрас аст.

Фаррух Охунов мегӯяд, замима дар бораи қурби арзи миллӣ нисбат ба доллар, евро ва рубл, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар бонкҳои кишвар муқаррар шудааст, маълумоти тозаву навтарин пешниҳод мекунад.

Ҳамчунин ин замима ба табодули маълумот дар бораи хариду фурӯши асъор дар шаҳрҳову бонкҳо, бо кадом қурб харидани асъор ё ғайриимкон будани харидории он имкон медиҳад.

Дар замима доир ба бонкҳо, нишонии макони дафтарҳои кории асосӣ, филиалҳо, сомонаҳои расмӣ, почтаҳои электронӣ ва рақамҳои телефонҳои онҳо маълумот дарёфт кардан мумкин аст.

Қобили зикр аст, ки мутахассисони тоҷик бори нахуст замима дар бораи қурби пули миллиро таҳия карданд. Қаблан дар Play Маркет замимаҳое мавҷуд буданд, ки аз иқтибосҳои қонунгузории Тоҷикистон, китобҳои шоирону нависандагони тоҷик иборат буданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.