Бонки Эсхата хизматрасонии нави Агролизингро ҷорӣ намуд

Бонки Эсхата хизматрасонии нав Агролизингро ҷорӣ намуд, ки ба туфайли он хоҷагиҳои деҳқонӣ метавонанд техника ё тачҳизоти зарурии хоҷагии қишлоқро бо шартҳои осон дастрас созанд. Бино ба иттилои сомонаи расмии бонк, Агролизинг ба шахсони ҳуқукӣ ва воқеӣ, ки бо рушди хоҷагии қишлоқ машғул ҳастанд, пешниҳод мегардад. Мизоҷ техникаи зарурӣ ва таҷҳизотро интихоб мекунад, бо таҳвилкунанда […]



Бонки Эсхата хизматрасонии нав Агролизингро ҷорӣ намуд, ки ба туфайли он хоҷагиҳои деҳқонӣ метавонанд техника ё тачҳизоти зарурии хоҷагии қишлоқро бо шартҳои осон дастрас созанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии бонк, Агролизинг ба шахсони ҳуқукӣ ва воқеӣ, ки бо рушди хоҷагии қишлоқ машғул ҳастанд, пешниҳод мегардад.

Мизоҷ техникаи зарурӣ ва таҷҳизотро интихоб мекунад, бо таҳвилкунанда ба созиш меояд,  баъди он ба бонк барои қабули қарз муроҷиат мекунад.

Бонк аризаи мизоҷро қабул карда, фаъолият ва пардохтпазирии ӯро таҳлил мекунад, дар натиҷа шартномаи сетарафа байни бонк, мизоҷ ва таҳвилкунанда баста мешавад.

Дар чаҳорчӯбаи Агролизинг қарз дар ҳаҷми аз 100 то 50 000 доллари ИМА мутаносибат бо пули миллӣ ба мӯҳлати то 60 моҳ ҳангоми хариди техникаи хоҷагии қишлоқ ва то 36 моҳ ҳангоми хариди таҷҳизоти хоҷагии қишлоқ пешниҳод мегардад.

Маблағи қарзӣ ҳам бо асъори миллӣ ва ҳам бо асъори хориҷӣ дода шуда, аз рӯи дархости мизоҷ давраи имтиёзӣ низ пешниҳод мегардад.

Бояд қайд намуд, ки хизматрасонии мазкур мутобиқ ба талаботи мизоҷон ба техника ва таҷҳизоти хоҷагии қишлоқ коркард шудааст.  Ин талаботҳо дар натиҷаи вохӯриҳои мизоҷон, ки мунтазам аз ҷониби намояндагони Бонк дар ҷамоатҳо гузаронида мешавад, маълум карда шуданд.

Акнун деҳқонон дастрасии бештар ба маблағҳои бонкӣ бо роҳи агролизинг ва маблағгузорӣ барои хариди таҷҳизоту техникаи хоҷагии қишлоқ пайдо намуданд.

Фаъолияти самти қарзҳои аграрӣ барои мусоидат дар беҳтарсозии соҳаи аграрӣ ва дастгирии заминдорон дар Тоҷикистон равона карда шудааст.

Бонки Эсхата дар оянда низ дар ин самт фаъолияти пурсамари худро баҳри рушди хоҷагии қишлоқ идома хоҳад дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.