Маркази тандурустии аз ҷониби президент ифтитоҳшуда аллакай «Истиқлол» номгузорӣ шуд

Маҷмааи бузурги тандурустӣ дар пойтахт, ки санаи 4 март бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аллакай «Истиқлол» номгузорӣ шуд. Лавҳаи пешинаи «Пойтахт-90»-и ин бино аллакай гирифта шудааст. Ёдрас мекунем, ки дар маросими ифтитоҳи ин маркази тандурустӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буд , ки Маркази тандурустӣ ба номи Истиқлол гузошта шавад. Имсол […]



Маҷмааи бузурги тандурустӣ дар пойтахт, ки санаи 4 март бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аллакай «Истиқлол» номгузорӣ шуд. Лавҳаи пешинаи «Пойтахт-90»-и ин бино аллакай гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки дар маросими ифтитоҳи ин маркази тандурустӣ

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буд

, ки Маркази тандурустӣ ба номи Истиқлол гузошта шавад.

Имсол Тоҷикистон 25-умин солгарди истиқлолияти худро ҷашн мегирад ва аз эҳтимол дур нест, ки боз бисёре аз иншоот дар ҷумҳурӣ чунин номгузорӣ шаванд.

Мутобиқи маълумоти расмӣ, иншооти мазкур» дар майдони беш аз 10 гектар, дар байни Маркази ҷумҳуриявии ташхис ва бозори Султони Кабир ҷойгир шудааст. Марказ аз 38 иншоот, аз ҷумла бемористон бо 650 кат, дармонгоҳ барои қабули 800 беморон дар як баст ва ғайра иборат аст. Барои сохтмони марказ  аз буҷети пойтахт зиёда аз 706 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Дар марказ 620 номгӯи таҷҳизоти муосири ташхису табобатии истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аз ширкатҳои бонуфузи Русия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Япония, Олмон, Финляндия ва Чехия дастрас ва насб шудааст, ки баъзеашон дар минтақаи Осиёи Марказӣ назир надоранд.

Бо ифтитоҳи Маҷмааи нави тандурустии Истиқлол 3500 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, ҳаҷми музди меҳнат дар он аз 1,2 ҳазор сомонӣ то 3,5 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?