БАТР стратегияи нави «Тоҷиксодиротбонк»-ро хуш пазируфт

Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Бонки Аврупоӣ оид ба таҷдид ва рушд (БАТР) 9 марти соли равон масъалаи рушди сохтори бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус нақши бонкҳои низомсоз ба монанди ТоҷикСодиротБонк -ро (ТСБ) баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо инчунин кӯшишҳои БМТ-ро ҷиҳати паст кардани таъсири буҳрони минтақавӣ ба низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуданд. Бино ба иттилои […]



Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Бонки Аврупоӣ оид ба таҷдид ва рушд (БАТР) 9 марти соли равон масъалаи рушди сохтори бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус нақши бонкҳои низомсоз ба монанди ТоҷикСодиротБонк -ро (ТСБ) баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо инчунин кӯшишҳои БМТ-ро ҷиҳати паст кардани таъсири буҳрони минтақавӣ ба низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, БАТР стратегияи нави “ТоҷикСодиротБонк”-ро, ки он ба таҳкими капитализатсияи бонк, таъмини рушди бештари он, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои қарздиҳӣ ба бахши хусусӣ, аз ҷумла тавассути ҷалби сармоягузорони институтсионалии нави хориҷӣ, ки ба сохтори сармояи бонк нигаронида шудааст, хуш пазируфт ва аз он дастгирӣ намуд. БАТР умедвор аст, ки дар амал татбиқ шудани ҷараёни мазкур ба БАТР ҷиҳати аз нав оғоз намудан ва рушди ҳамкории ҳамаҷониба бо ТСБ имконият медиҳад.

Гуфта мешавад, ар вохӯрӣ аз ҷониби БАТР Георгий Орлов, Директори Шуъбаи ташкилотҳои молиявӣ дар Русия, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон, Артур Погосян, муовини Директор, Пешбарандаи тиҷорат дар ташкилотҳои молиявӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ричард Ҷонс, Директори намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз ҷониби БМТ дар вохӯрӣ муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев ва муовини раиси БМТ Сироҷиддин Икромов ширкат варзиданд.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл «Тоҷиксодиротбонк»

бо нашри як маълумот

дар сомонаи расмии худ танаффусҳои имконпазир вобаста ба хизматгузориҳо аз рӯи кортҳои бонкиро ба гузаштани ин ниҳод ба маркази протсессинги худӣ нисбат дод.

Дар ҳамин ҳол, дар сомонаи расмии бонк зикр мегардад, ки бо қарори Шӯрои нозирони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», ба санаи 19 марти соли равон маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони бонк таъин шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.