Боз як ташкилот ба баргузории амалиёти бонкӣ бо асъор иҷозатнома гирифт

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурд “Алиф-Сармоя” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, акнун ин ташкилот ба ҷалби амонат ва пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, додани қарзи хурд, кушодану пешбурди суратҳитсобҳои бонкӣ, интиқоли […]

ASIA-Plus



Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурд “Алиф-Сармоя” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, акнун ин ташкилот ба ҷалби амонат ва пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, додани қарзи хурд, кушодану пешбурди суратҳитсобҳои бонкӣ, интиқоли маблағҳои пулӣ, амалиёти кассавӣ, амалиёти ҳисоббаробаркунӣ ва мубодилавӣ ва ғайра ҳуқуқ пайдо намуд.

Гуфта мешавад, дар робита ба қарори мазкур дар Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд ва Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабти дахлдор дохил карда мешавад.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки бо қарори дигари Раёсати БМТ барои барҳамдиҳии ихтиёрии ФҚХ «Ҳамроз-Тус» розигӣ дода шуда, шаҳодатномаи Фонд бозхонд карда мешавад.

Мақомоти ваколатдори ФҚХ «Ҳамроз-Тус» вазифадор карда шудааст, ки ҳамчун шахси манфиатдор оид ба барҳамдиҳии фонди мазкур ба мақомоти судӣ муроҷиат намояд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии БМТ, айни замон дар низоми бонкии Тоҷикистон 24 ташкилоти қарзии хурд амал мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.