Элизабет Миллард: Сафир будан дар Тоҷикистон бароям ифтихори бузург аст

Элизабет Миллард, сафири ИМА дар Тоҷикистон



Бароям боиси ифтихори бузург аст, ки ба ҳайси сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидам,ки он ба таҷлили 25-умин солгарди муносибатҳои дипломатӣ рост омад. 


Шарафёб шудам, ки тӯли 23 сол ҳамчун корманди хадамоти дипломатӣ ба кишварам хизмат намоям. Фаъолиятам дар хадамоти дипломатии ИМА маро ба мавзеҳои зиёди дилписанд, ба мисли Чехия, Дания, Ҳиндустон, Қазоқистон, Марокаш ва Непал сафарбар намуд. Вале он ҳаяҷон, ки имруз маро фаро гирифтааст, қаблан эҳсос накардаам. Сафари навбатиам маро ба як кишвари дорои манзараи дилфиреби кӯҳӣ, фарҳанги ғанӣ ва мардуми меҳрубон овардааст.

 Сафири ИМА будан – ин на танҳо шарафи бузург аст, инчунин бар дӯш гирифтани масъулияти бузург. Бо ифтихор мегӯям, ки фаъолияти маро омодагии қавӣ ва устувор дар ҷодаи рушди арзишҳои умумии демократӣ, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқ ва шаъну шарафи инсон муайян месозад. Моҳи октябри соли гузашта Котиби давлатӣ Керриро ҳангоми сафари нахустинаш ба Душанбе ҳамроҳӣ намудам. Зимни ташрифи худ ба минтақа, ӯ мулоқоти таърихиро бо панҷ вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ доир намуд, ки дар рафти он стратегияи бузургро барои оянда таҳия намудем. Ман ният дорам, ки минбаъд ҳам ба ӯҳдадориҳои мазкур такя намоям. Тавассути онҳо мо метавонем бо Тоҷикистон ва ҳамсояҳои он дар самти таҳкими амният, сулҳу субот ва рушд дар Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ намоем.

Боиси хушҳолии ман буд, қаблан дар Осиёи Марказӣ ба ҳайси муовини Сардори намояндагии ИМА дар Остона, Қазоқистон адои вазифа намудам. Инчунин ҳангоми фаъолияти хизматиам дар Вашингтон масоили марбут ба Осиёи Марказиро ба дӯш доштам ва ин таҷриба имконияти хубро дар беҳтар дарк намудани мушкилот, ки минтақа бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад, фароҳам меоварад. Ҳангоми адои вазифаам ҳамчун Сафир, умедворам, ки ҳамкории худро бо Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон на танҳо дар ба даст овардани манофеи муштаракамон дар самти сулҳу субот ва рушди иқтисодӣ, инчунин оид ба дигар масоили мубрам, аз қабили эҳтироми ҳуқуқи инсон, озодии сухан, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва садоқат ба демократия густариш хоҳем дод.

 ИМА аз ҳадафҳои Тоҷикистон дар соҳаи амният, ислоҳоти демократӣ ва рушди иқтисодӣ ҷонибдорӣ мекунад. Аз оғози барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ дар соли 1992 то инҷониб беш аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ҷиҳати расонидани кӯмак ба Тоҷикистон ҷудо намудем. Маблағи номбурда бо мақсади беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ, таҳким додани соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, рушди ҳокимияти маҳалливу ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими амният ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дорад.

 Чунин мушкилоти минтақавӣ, мисоли терроризм ва ифротгароии хусуматомез, гурдиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва харидуфурӯши одамон боиси нигаронии на танҳо Тоҷикистон, балки ИМА низ гаштаанд. Дар доираи ташаббусҳои васеъ дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар шарикони байналмилалӣ, Сафорати ИМА ба Тоҷикистон дар таҳкими иқтидораш ҷиҳати дарк, ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани таҳдидҳои асосноки дохилӣ ва берунӣ бо риоя намудани ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун мусоидат менамояд. Ин ташаббусҳо ҳадафҳои умумии моро ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он дастгирӣ мекунанд. Фаъолияти хешро ба мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷиддии мазкур ва густариши мушорикати устувори мо дар соҳаи амният равона хоҳам кард.

ИМА ҷиҳати таъмин намудани ояндаи осоишта, озод ва дурахшон дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.Тоҷикистон амну субот ва шукуфоиро ба муддати тӯлонӣ метавонад танҳо тавассути иродаи қавӣ дар беҳтар намудани идоракунӣ, таъмини волоияти қонун, рушди иқтисод, фароҳам овардани муҳити соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои мардуми ин кишвар ба даст оварад. Намояндагии ИМА дар Тоҷикистон аз анъанаи ҳифз намудани ҳуқуқи инсон ва дигар принсипҳои асосӣ, ки шарти муҳими рушди боадолат ва нумӯи ҳар як ҷомеа ба ҳисоб меравад, ҷонибдорӣ мекунад. Барномаҳои кӯмакрасони ИМА дар Тоҷикистон дар асоси принсипи муштарак, ки ҳар як фард ба зиндагии бошараф, ба ҳаёт бидуни табъиз ва зӯроварӣ, интихоби озод ҳақ дорад, фаъолият мекунанд. Мо ният дорем, ки кӯмаки худро дар таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои калидии инсон, аз ҷумла озодии дин идома дода, кӯшишҳои Тоҷикистонро дар мубориза алайҳи ифротгароии хусуматомез дастгирӣ намоем.

 Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки Тоҷикистонро дар баланд бардоштани рушди иқтисодиаш омода созем. Чун ба таърих назар меафканем, шоҳиди он мегардем, ки дар гузашта миллати тоҷик асосан машғули тиҷорат буд ва имрӯз мо бо Ҳукумат, иттиҳодияҳои тиҷоратӣ, соҳибкорон ҷиҳати беҳтар намудани фазои минбаъдаи соҳибкорӣ бо мақсади ҷалби сармоягузорӣ дар ин ба кишвар ҳамкорӣ менамоем. Мақсад аз густариш додани ҳамкории иқтисодӣ бо ҳамсояҳои Тоҷикистон – васеъ намудани имкониятҳо барои рушд ва таъмини амният дар минтақа. Инчунин Тоҷикистон барои ташаббусҳои минтақавӣ ба мисли ташаббуси Роҳи Нави Абрешим шарики калидист. Тоҷикистон Осиёи Марказиро бо Осиёи Ҷанубӣ ва кишварҳои берун аз онро тавассути хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва коридорҳои транзитӣ ба монанди онҳое, ки дар доираи лоиҳаи CASA-1000 бунёд гардидаанд, пайваст мекунад.

 Дар фарҷом мехостам таъкид намоям, ки мардуми Амрико ва Тоҷикистон барои бунёди ояндаи дурахшон бо беҳтарин имкониятҳо барои насли ояндаи худ хоҳишу нияти муштарак доранд. Ман панҷ фарзандамро ба воя расонидам ва айни ҳол шаш набераи латиф дорам. Ҳар рӯз онҳо дар фикру хаёлам қарор доранд ва дар фикри онам, ки чӣ тавр метавонам ба онҳо кӯмак расонам, то тавонанд дар рушди ҷомеа ҳамчун шаҳрванд саҳми худро гузоранд. Хушбахтӣ ва муваффақияти онҳоро хоҳонам. Медонам ки халқи тоҷик низ мисли ман аз хонавода ва фарзандонаш ғамхорӣ мекунад. Аз ин лиҳоз ҳамкории бевосита бо халқи тоҷик бароям яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷаст. Муносибатҳо миёни мардум асоси кӯшишҳои дипломатии моро ташкил медиҳанд. Ман интизори онам, ки бо сафарҳои мунтазам аз кишвари шумо дидан намоям, то имконият пайдо намоям, ки бо халқи тоҷик аз табақаҳои гуногун вохӯрда, фикру мулоҳизаҳоро оид ба бунёди ояндаи нек ва таҳкими робитаҳо байни мардуми Амрико ва Тоҷикистон пайдо намоям.

Дар тӯли будубошам дар Тоҷикистон ҳафт Гӯшаи амрикоии мо чун ҳарвақта дарҳои худро ба рӯи меҳмонони тоҷик аз саросари кишвар боз нигоҳ дошта, онҳоро ба Гӯшаи мазкур бо мақсади ба таври ройгон омӯхтани забони англисӣ, мубодилаи фарҳангӣ ва гирифтани маълумот дар бораи таҳсил дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даъват менамояд. Олимон ва ходимони фарҳангии Амрикоро ба Тоҷикистон даъват менамоем ва саъю кӯшиш мекунем, ки ҳарчи бештар олимон ва мутахассисони тоҷикро ба Иёлоти Муттаҳида сафарбар намоем. Мубодилаҳои мазкур ба ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши робитаҳои дуҷониба мусоидат менамоянд. Тоҷикистон – кишвари ҷавони меҳнатдӯст ва лаёқатманд мебошад. Ҳамчун модар ва модаркалон кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки барои занон имконоти нав фароҳам оварам ва ба насли ояндаи тоҷикон барои расидан ба иқтидори пурраи худ мусоидат намоям. Бесаброна интизори онам, ки дар моҳҳо ва солҳои наздик бо Шумо вохӯрам.

Бароям боиси хурсандӣ ва шарафмандист, ки ба ҳайси сафири ИМА дар Тоҷикистон адои вазифа менамоям. Ҳарчи зудтар мунтазири таҳқиқи ин кишвари зебо ҳастам. Ният дорам, ки тавассути ҳамкориҳои фаъол бо Ҳукумат ва халқи Тоҷикистон муносибатҳои дуҷонибаро боз ҳам густариш диҳам. Дар давоми 25 соли муносибатҳоямон корҳои зиёдеро анҷом додаем, ва мехостам шоҳиди он дастовардҳое, ки дар тули 25 соли дигар ба даст хоҳем овард, гардам!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...