Муҳоҷири бемори тоҷик ба ватан фиристода шуд

Аваз Юлдошев

Бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия оид ба муҳоҷират шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон Бозорбой Бобохонов, ки муддати тӯлонӣ аз беморӣ азият мекашид, ҷиҳати табобати минбаъда ба ватан фиристода шуд. Котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ […]



Бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия оид ба муҳоҷират шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон Бозорбой Бобохонов, ки муддати тӯлонӣ аз беморӣ азият мекашид, ҷиҳати табобати минбаъда ба ватан фиристода шуд.

Котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки барои ба ватан фиристодани муҳоҷири бемор бародараш Солеҳ Бобохонов ба намояндагӣ муроҷиат кардааст.

Бародари муҳоҷири бемор иброз доштааст, ки Бозорбой Бобохонов бо дастгирӣ ва маблағи ҷамъовардаи муҳоҷирони кории тоҷики шаҳри Подолск дар бемористони ин шаҳр ҷарроҳӣ шуда, ҳамчунин кормандони сафорати Тоҷикистон ва намояндагӣ ба аёдати ӯ рафтаанд.

«Бо исрори табибон ба ватан фиристодани Бозорбой то беҳтар шудани вазъи солимиаш мавқуф гузошта шуда, танҳо 15 март табибон ба интиқоли ӯ ба Тоҷикистон иҷозат доданд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки бо мусоидату дастгирии сафорати Тоҷикистон дар Русия, намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ин кишвар ва намояндаи расмии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик-Эйр» шоми 16 март Бобохонов Бозорбой ҳамроҳи бародараш тавассути хатсайри Маскав-Душанбе ба ватан фиристода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025 ба андозаи 25,4% ва нисбат ба як даҳсола пеш - 5,5 баробар зиёдтар мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...