Гурӯҳи авиатсионии Тоҷикистону Русия террористони шартиро нобуд кард

Аваз Юлдошев

Дар доираи размоишҳои низомии бузургмиқёси Тоҷикистону Русия халабонҳо (лётчикҳо)-и ҳарду кишвар рӯзи 17 март дар машқгоҳи «Лоҳур» тарзу усулҳои аз фазо нобуд кардани макони таҷаммӯъ ва гурӯҳи террористони шартиро тамрин карданд. Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадализода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳайати гурӯҳи авиатсионии муштарак аз ҳавопаймоҳои бомбафкан ба масофаи […]



Дар доираи размоишҳои низомии бузургмиқёси Тоҷикистону Русия халабонҳо (лётчикҳо)-и ҳарду кишвар рӯзи 17 март дар машқгоҳи «Лоҳур» тарзу усулҳои аз фазо нобуд кардани макони таҷаммӯъ ва гурӯҳи террористони шартиро тамрин карданд.

Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадализода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳайати гурӯҳи авиатсионии муштарак аз ҳавопаймоҳои бомбафкан ба масофаи дури мушакбари Ту-22М3, ҳавопаймоҳои қиркунандаи Су-25СМ, ҳавопаймоҳои бомбафкани фронтии Су-24М, чархболҳои зарбазани Ми-24, чархболҳои нақлиётиву ҷангии Ми-8, ҳавопаймоҳои авиатсияи нақлиётӣ ва ҳамчунин нерӯ ва воситаҳои қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Тоҷикистон иборат буд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар размоишҳои мазкур дар маҷмӯъ аз ҳарду ҷониб 32 адад авиатсияи ҷангӣ ва нақлиётӣ сафарбар шудаанд. «Ҳамаи ҳадафҳо аз фазо муваффақона нобуд шуда, раҳбарияти тамринҳо ба маҳорату малакаи халабонҳои тоҷику рус баҳои баланд дод», – қайд кард Маҳмадализода.

Фаридун Маҳмадализода қаблан ба «Азия-Плюс» 

иттилоъ дода буд

, ки ба размоишҳои муштараки артишҳои Тоҷикистону Русия, ки аз 15 то 20 март дар панҷ тамрингоҳи гарнизони Хатлон доир мегарданд, 950 адад техникаи зиреҳпӯшу артиллерия, 32 адад авиатсия ҳарбӣ ва нақлиётӣ сафарбар мешаванд.

Бори нахуст дар таърихи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар баргузории размоишҳо ба ҷуз афсарону сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, дар он нерӯҳои иловагӣ ва воситаҳои Ҳавзаи низомии марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ин кишвар низ иштирок мекунанд.

Ба размоишҳо сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-майор Эмомалӣ Собирзода фармондеҳӣ карда, ҷараёни баргузории онҳоро вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо назорат мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...