Путин дар бораи хатари муҳоҷират ба Русия

Президенти Русия Владимир Путин бар ин назар аст, ки ба Русия буҳрони мушобеҳ ба Аврупо хатар эҷод карда метавонад. Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои амният ӯ даъват намуд, ки вазъ дар Шарқи Наздик ва дигар минтақаҳои ҷаҳон ва бахусус дар наздикии марзҳои Русия, ки дар онҳо аз мавҷҳои нави муҳоҷирон интизорӣ меравад, доимо пайгирӣ шавад. […]

ASIA-Plus



Президенти Русия Владимир Путин бар ин назар аст, ки ба Русия буҳрони мушобеҳ ба Аврупо хатар эҷод карда метавонад.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои амният ӯ даъват намуд, ки вазъ дар Шарқи Наздик ва дигар минтақаҳои ҷаҳон ва бахусус дар наздикии марзҳои Русия, ки дар онҳо аз мавҷҳои нави муҳоҷирон интизорӣ меравад, доимо пайгирӣ шавад.

Хабаргузории

РИА Новости

менависад, Путин иброз доштааст, ки Русия бояд буҳрони муҳоҷират дар Аврупоро ҷиддӣ мавриди таҳлил қарор дода, хулосаҳои дахлдор барорад. «Ба тадбирҳои пешгирии ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон тақвият мебояд бахшид», – тақозо намудааст сарвари давлати Русия.

Бино ба

иттилои

Интерфакс, Владимир Путин гуфтааст, муҳоҷирон ба объекти таблиғот ва ҷалби созмонҳои тундгаро табдил меёбанд ва байни сокинони маҳаллӣ низ рӯҳияи тундагроӣ дар ҳоли афзоиш аст.

Ӯ қайд кардааст, ки ҳамасола дар кишвар 16-18 млн. нафар муҳоҷирон қарор доранд ва ҳарчанд ахиран бинобар сабаби сангинтар шудани талабот ба муҳоҷирон ва бад шудани вазъи иқтисод шумори муҳоҷирон 10% коҳиш ёфта бошад ҳам, вале ин маънои онро надорад, ки таваҷҷуҳи ифротгароён ва террористони имконпазир ба Русия коста шудааст.

«Русия барои кору иқомат кишвари ҷолиб боқӣ мемонад. Дарҳои кишвари мо барои онҳое, ки ба фарҳанг, анъанаҳо ва забони мо эҳтиром мегузоранд, боз аст ва дар ин росто барои мутобиқшавӣ ба муҳоҷирон кумак кардан зарур аст», таъкид доштааст Путин.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.