Ифтитоҳи маркази маърифатӣ барои муҳоҷирон дар Қӯрғонтеппа

Федератсияи байнулмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Фонди русиягии «СПИД инфосвязь» дар бораи ифтитоҳи Маркази иттиилоотӣ-маърифатӣ барои муҳоҷирони корӣ созишномаи грантӣ ба имзо расониданд. Маркази мазкур дар доираи амалисозии Барномаи Русия «Мусоидат ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар мубориза бо ВИЧ/СПИД ва дигар бемориҳои сироятӣ» боз шуда, дар он ифтитоҳи марказ […]

Иттилоияи расмӣ



Федератсияи байнулмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Фонди русиягии «СПИД инфосвязь» дар бораи ифтитоҳи Маркази иттиилоотӣ-маърифатӣ барои муҳоҷирони корӣ созишномаи грантӣ ба имзо расониданд.

Маркази мазкур дар доираи амалисозии Барномаи Русия «Мусоидат ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар мубориза бо ВИЧ/СПИД ва дигар бемориҳои сироятӣ» боз шуда, дар он ифтитоҳи марказ дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, ки шумори бештарини муҳоҷирони корӣ дар Русияро дорад, пешбинӣ шудааст.

Дар марказ хизматгузориҳои беҳбуди сатҳи огаҳӣ ва омодагӣ то ба сафари муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия, баланд бардоштани сатҳи огаҳии муҳоҷирони имконпазир оид ба масоили пешгирӣ аз бемории СПИД ва сил, ташаккули малакаҳои масъулият доштан ба солимии худ, азхуд кардани қонунгузории будубош дар Русия ва дигар масоили ҳуқуқӣ пешниҳод мешаванд.

Ҳамчунин дар марказ ба масъалаҳои ба омӯзиши забони русӣ фаро гирифтани муҳоҷирони имконпазир ва асосҳои кор бо компютер ҳамчун омилҳои муҳими мутобиқшавии муҳоҷирони корӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.