Манъи ифтитоҳи хатсайрҳои нави нақлиёти ҷамъиятӣ бидуни қарори раиси пойтахт

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ифтитоҳи хатсайрҳои нави нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахтро бидуни қарори дахлдори раиси шаҳр манъ кард. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, минбаъд ҳамчунин тағйири хатсайрҳои амалкунандаи нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе бидуни қарори раиси шаҳр манъ карда мешавад. Ба иттилои манбаъ, раиси пойтахт ба […]

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ифтитоҳи хатсайрҳои нави нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахтро бидуни қарори дахлдори раиси шаҳр манъ кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, минбаъд ҳамчунин тағйири хатсайрҳои амалкунандаи нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе бидуни қарори раиси шаҳр манъ карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, раиси пойтахт ба сохторҳои марбутаи шаҳрдории пойтахт ҳамчунин дастур додааст, ки хатсайрҳои нави нақлиёти ҷамъиятӣ ба маҳаллаҳои аҳолинишини гирду атрофи шаҳрро, ки палатаи болоии парлумон ба қаламрави пойтахт ҳамроҳ кард, омода ва барои тасдиқ пешниҳод кунанд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ раиси пойтахт ба директори МД «Душанбенақлиётхидматрасон» Абдулҳақ Алиев ва сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт Файзиддин Камолов барои бартараф кардан камбудиҳо дар ин самт

як моҳ муҳлат дод.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.