Бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз тағйирот ба Кодекси фазои ҳавоии кишварро тасдиқ намуданд, ки мутобиқи он ба истифодаи дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин дар фазои ҳавоии кишвар маҳдудият ҷорӣ мешавад.
Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба масъалаи мазкур муовини аввали Раиси КДАМ Тоҷикистон Мансурҷон Умаров изҳор намуд, ки ин тағйирот пеш аз ҳама ба роҳ надодани ҳаракати дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин аз ҷониби созмону ҳаракатҳои террористӣ нигаронида шудааст.
«Минбаъд танҳо ҳукумат муайян мекунад, ки парвози ин гуна дастгоҳҳо дар фазои ҳавоии кишвари мо барои кӣ иҷозат дода мешаваду барои кӣ манъ аст», – гуфт М.Умаров.



