Ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Покистон

Рӯзи 7 майи соли равон маросими ифтитоҳи хатсайри ҳавоии мутсақим миёни шаҳри Лоҳури Покистон ва пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе доир мегардад. Сафири Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сомро имрӯз дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи маҳсулоти Покистон дар Душанбе дар ин робита изҳор намуд, ки ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни ин шаҳрҳо ба пешбурд ва рушди […]



Рӯзи 7 майи соли равон маросими ифтитоҳи хатсайри ҳавоии мутсақим миёни шаҳри Лоҳури Покистон ва пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе доир мегардад.

Сафири Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сомро имрӯз дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи маҳсулоти Покистон дар Душанбе дар ин робита изҳор намуд, ки ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни ин шаҳрҳо ба пешбурд ва рушди савдо миёни кишварҳо ва боз ҳам наздиктар шудани робитаҳои мардуми ҳарду давлат мусоидат мекунад.

Сафир қайд кард, ки ба амалисозии ифтитоҳи ин хатсайр ширкати хусусии тоҷикистонии «Сомон Эйр» иқдом варзида, ӯ ба раҳбарияти ин ширкат изҳори сипос кард. «Умедворам, ки минбаъд баҳри иқдомоти нав дар самти наздикшавии халқҳоямон кӯшишҳои муштарак ба харҷ медиҳем», – гуфт сафир.

Қобили зикр аст, ки моҳи ноябри соли гузашта зимни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон дар бораи ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Покистон тавофуқ ҳосил шуда буд. Созишнома дар бораи мухобироти ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Покистон ҳанӯз соли 2010 ба имзо расида буд.

Он замон зикр гардида буд, ки «ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни Покистону Тоҷикистон ба афзоиши ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба, воридоти сармоя ба кишварҳо, фаъол шудани ташаббусҳои кориву созанда ва болоравии талабот ба хизматгузориҳои сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.