Намоишгоҳи маҳсулоти Покистон дар Душанбе (Аксҳо)

Намоишгоҳ-ярмаркаи дуюми маҳсулоти покистонӣ таҳти унвони «Истеҳсоли Покистон» имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ба кор шурӯъ намуд. Намоишгоҳи нахуст моҳи октябри соли гузашта дар пойтахти Тоҷикистон доир гардида буд. Намоишгоҳи молу маҳсулоти Покистон аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) дар ҳамкорӣ бо сафорати Покистон дар Тоҷикистон ва ширкати «Промотайм Глобал» созмон […]



Намоишгоҳ-ярмаркаи дуюми маҳсулоти покистонӣ таҳти унвони «Истеҳсоли Покистон» имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ба кор шурӯъ намуд. Намоишгоҳи нахуст моҳи октябри соли гузашта дар пойтахти Тоҷикистон доир гардида буд.

Намоишгоҳи молу маҳсулоти Покистон аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) дар ҳамкорӣ бо сафорати Покистон дар Тоҷикистон ва ширкати «Промотайм Глобал» созмон дода шудааст.

Ин чорабинӣ дар доираи Ҷашновари тиҷоративу фарҳангӣ дар Душанбе (6-10 апрел) баргузор шуда, дар намоишгоҳ маҳсулоти беш аз 20 ширкати покистонии машғул ба фаъолият дар соҳаи саноати сабук ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ, муовини раиси ПСС Тоҷикистон Манзура Рустамова аз ҷумла изҳор дошт, ки хусусияти аслии ин чорабинӣ дар он ифода меёбад, ки дар он натанҳо сатҳи рушди бахшҳои афазлиятноки ҳарду кишвар таҷассум мегардад, балки дурнамои густурдаи ҳамкории мутақобилан судманд низ муайян карда мешавад.

Шоми имрӯз намоишгоҳ ба кори худ хотима мебахшад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.