Ҷашни рӯзи касбии олимон дар Академияи илмҳо

Аввали ҳафтаи оянда, санаи 12-уми апрел дар толори Академияи илмҳои Тоҷикистон бахшида ба рӯзи касбии олимон “Рӯзи илм” маҷлиси ботантана баргузор мегардад. Тавре ки Шервони Умриддин, котиби матбуотии АИ ҶТ гуфт дар маҷлиси ботантана бахшида ба “Рӯзи илм” гузоштани гулчанбарҳо дар пояи нимпайкараҳои олимони барҷастаи тоҷик С.Айнӣ, Б.Ғафуров, С.Умаров ва М.Осимӣ аз соати 08:00 то […]



Аввали ҳафтаи оянда, санаи 12-уми апрел дар толори Академияи илмҳои Тоҷикистон бахшида ба рӯзи касбии олимон “Рӯзи илм” маҷлиси ботантана баргузор мегардад.

Тавре ки Шервони Умриддин, котиби матбуотии АИ ҶТ гуфт дар маҷлиси ботантана бахшида ба “Рӯзи илм” гузоштани гулчанбарҳо дар пояи нимпайкараҳои олимони барҷастаи тоҷик С.Айнӣ, Б.Ғафуров, С.Умаров ва М.Осимӣ аз соати 08:00 то 09:00 дар назар аст.

Дар оғоз дастовардҳои илмии муассисаҳои илмии АИ ҶТ дар саҳни бинои Раёсати АИ ҶТ нишон дода мешавад.

Маҷлисро бо сухани табрикотӣ президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба “Рӯзи илм” оғоз мекунад.

Сипас, маросими супоридани дипломҳо ба олимоне, ки дар соли 2016 соҳиби ҷоизаҳои АИ ҶТ ба номи олимони барҷаста ва супоридани дипломҳо ба ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ аз рӯи натиҷаи Олимпиадаи АИ ҶТ барои дарёфти “Ҷоми АИ ҶТ” доир мегардад.

Дар охир маърӯзаҳои илмии олимоне, ки ба ҷоизаҳои олимони барҷаста сарфароз гардида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.