Дар ноҳияи Дашти Арчии вилояти Қундузи кишвари ҳамсояи Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, хадамоти махсуси Афғонистон мадрасаеро ошкор намудаанд, ки дар он фаъолияти террористӣ омӯзонида мешавад.
Хабаргузории
Интерфакс
бо истинод ба васоити ахбори умуми маҳаллӣ ва волии вилояти Қундуз Асаддуло Умархел дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки дар ин мадраса чӣ гуна мина гузоштан дар автомашинаҳо, чӣ тарз тайёр кардани «либоси маргталабон» таълим дода мешудааст. Ба қавли волӣ, ба фаъолияти мадраса шаҳрванди Покистон бо номи Имронхон роҳбарӣ мекардааст.
«Дар ноҳияи Далти-Арчӣ гурӯҳҳои иктишофии мо мардрасеаро ошкор намуданд, ки дар он тақрибан ба 300 нафар толибилмон фаъолияти террористӣ таълим дода мешавад. Мадраса таҳти назорати мулло Ҷаннат Гула – фармондеҳи толибон дар шимоли Афғонистон ва ҳамчунин мулло Салом – волии пасипардагии толибон дар вилояти Қундуз қарор дорад», – гуфтааст волии Қундуз.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳукумати маҳаллии Қундуз гуфтаанд, мадраса дар қаламрави таҳти назорати толибон қарор дошта, ҳукумат ба фаъолияти он монеъ шуда наметавонад.





