Боздиди сафири тозтаъини ИМА аз АНМН

Дар Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ 11 апрели соли 2016 вохӯрии директори Агентӣ генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода бо ҳайати намояндагони ШМА таҳти роҳбарии сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Элизабет Инга Миллард баргузор гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, директори Агентӣ ба меҳмонон оиди вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, ҳамкорӣ […]

ASIA-Plus



Дар Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ 11 апрели соли 2016 вохӯрии директори Агентӣ генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода бо ҳайати намояндагони ШМА таҳти роҳбарии сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Элизабет Инга Миллард баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, директори Агентӣ ба меҳмонон оиди вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақа ва ҷаҳон, оиди чорабиниҳои пешгиркунанда, ки аз тарафи Агентӣ мунтазам гузаронида мешаванд, иттилоот дод.

Салимзода иброз намуд, ки дар чорчӯбаи ҳамкорӣ бо ҳукумати ИМА дар соли 2011 дар ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб ду шуъбаи Агентӣ сохта ба истифода дода шуданд. Моҳи августи соли гузашта бо дастгирии ИМА ду шуъбаи нав дар ноҳияҳои Лахш ва Дарвоз кушода шуданд. Моҳи феврали соли ҷорӣ бинои нави Шуъбаи махсуси Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Агентӣ ба истифода дода шуд. Бо дастгирии ҳукумати ИМА якчанд тренинг оид ба истифодаи воситаҳои техникӣ, ҷамъоварии иттилоот нисбати гурӯҳҳои ҷиноятпешаи трансмиллӣ гузаронида шуд.

Роҳбари Агентӣ қайд намуд, ки бино ба Паёми Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ “мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷузъи мубориза бо терроризм ва экстремизм маҳсуб меёбад ва ҳамчунин афзоиши бемории нашъамандӣ ба генофонди миллӣ таҳдиди воқеӣ эҷод менамояд”.

Дар нутқи ҷавобии худ Сафири ИМА изҳори умед намуд, ки ҳамкорӣ бо Агентӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ки бар зидди паҳн гардидани маводи нашъаовар мубориза мебаранд, боз ҳам вусъат меёбад.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Агентӣ ва Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва дурнамои рушди он муҳокима гардиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 257 баробар афзуд

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.