Ниммарафони навбатии байнулмилалӣ дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 16 апрел бахшида ба ҷашни Рӯзи пойтахти Тоҷикистон Ниммарафони VII байнулмилалӣ доир мегардад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, раиси шаҳри Душанбе ба Раёсати сармоягузорӣ ва амволи мақомоти шаҳрдории пойтахт дастур додааст, ки сарпарастони ниммарафонро муайян намоянд. «Ниммарафони Душанбе ба тақвими расмии марафонҳои […]

Аваз Юлдошев



Дар шаҳри Душанбе рӯзи 16 апрел бахшида ба ҷашни Рӯзи пойтахти Тоҷикистон Ниммарафони VII байнулмилалӣ доир мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, раиси шаҳри Душанбе ба Раёсати сармоягузорӣ ва амволи мақомоти шаҳрдории пойтахт дастур додааст, ки сарпарастони ниммарафонро муайян намоянд.

«Ниммарафони Душанбе ба тақвими расмии марафонҳои байнулмилалии ҷаҳон шомил гардида, мақоми арзандаро касб кардааст. Дар ин ниммарафон ба ҷуз варзишгарони тоҷик, чун анъана намояндагони кишварҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина, Русия, Афғонистон, Эрон, Канада, Кения, Чин, ИМА, Фаронса ва дигар давлатҳо ширкат меварзанд», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки барои ғолибони ниммарафон ҳам миёни занон ва ҳам дар байни мардон, ки ҷойҳои аз 1 то 6-умро ишғол мекунанд, дар ҳаҷми аз 11 ҳазору 790 сомонӣ барои ҷойи 6-ум то 27 ҳазору 510 сомонӣ барои ҷойи 1-ум мукофотпулиҳо тақдим карда мешаванд.

Нахустин Ниммарафони байнулмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон ба масофаи 21 км 97,5 метр бо иштироки вразишгарони аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва ҳамчунин марафончиёни беҳтарини кишвар моҳи апрели соли 2010 баргузор шуда буд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.