Раиси пойтахт ба тозакунии селпартоҳо дастур дод

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 11 апрел машвари кории мақомоти шаҳрдориро баргузор намуда, дар он масоили марбут ба вазъи селпартоҳо ва иншооти муҳандисии шаҳр баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории пойтахт, раиси шаҳр ба раисони ноҳияҳо дастур дод, ки ҷиҳати тоза кардани селпартоҳо дар қаламрави пойтахт тадбирҳои муассир андешида, ба ин […]

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 11 апрел машвари кории мақомоти шаҳрдориро баргузор намуда, дар он масоили марбут ба вазъи селпартоҳо ва иншооти муҳандисии шаҳр баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории пойтахт, раиси шаҳр ба раисони ноҳияҳо дастур дод, ки ҷиҳати тоза кардани селпартоҳо дар қаламрави пойтахт тадбирҳои муассир андешида, ба ин корҳо аҳли ҷомеа низ ҷалб карда шаванд.

Раиси пойтахт ҳамчунин ба комиссияи дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе супориш дод, ки бо ҷалби мутахассисон вазъи селпартоҳо дар шаҳрро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

М.Убайдуллоев таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҷараёни корҳои омодагӣ ба таҷлили шоистаи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи пойтахт ҷалб намуд. Мавриди зикр аст, ки Рӯзи пойтахт ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.