Пешгирии қочоқи сиккаҳои қадимаи таърихӣ ба Туркия

Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати корманди Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе хабар медиҳад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, кормандони Хадамоти гумруки “Майдони ҳавоӣ”- аз интиқоли ғайриқонунии сиккаҳои дорои осори таърихӣ ва арзиши фарҳангӣ пешгирӣ намудаанд. «Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаъолияти оперативию ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти гумруки “Майдони ҳавоӣ” ҳолати интиқоли […]

ASIA-Plus



Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати корманди Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, кормандони Хадамоти гумруки “Майдони ҳавоӣ”- аз интиқоли ғайриқонунии сиккаҳои дорои осори таърихӣ ва арзиши фарҳангӣ пешгирӣ намудаанд.

«Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаъолияти оперативию ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти гумруки “Майдони ҳавоӣ” ҳолати интиқоли ғайриқонунии 11 адад сиккаҳои дорои осори таърихӣ ва арзиши фарҳангӣ дошта, 44 адад ангуштарин, 21 адад гарданбанд, 8 адад дастбандҳои таърихӣ, 3 адад зеби гардан (кулон) ва шикастапораҳои маснуоти заргарӣ ошкор карда шудааст», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, соҳибкор А.Р бо мусоидати корманди фурудгоҳ Қ.Р ин маснуотро аз Тоҷикистон ба кишвари Туркия интиқол доданӣ будааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар натиҷа нисбат ба корманди фурудгоҳи шаҳри Душанбе Қ. Р.Қ., ки ба ин ҳолат даст дошт, парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 289 қ 2 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, ба мақомоти тафтишоти пешакӣ пешниҳод гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.